Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аламуродов дар Сурия 50 рӯз ҷангида буд


Як шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкаташ ҷангҳои хориҷӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Ношири хабар – сайти додситонии кулли Тоҷикистон менависад, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтах А.Т.Аламуродовро бо моддаи 4011 Кодекси ҷинояии Тоҷикистон, яъне “зархаридӣ” гунаҳгор эълон кардааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 17 апрел содир шуда, рӯзи 2 май дар вебсайти додситонии кулл нашр шуд.

Таърихи содир шудани ин ҳукм мушаххас нест, вале дар тафсилоти хабар гуфта мешавад, ки Аламуродов дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия бо аъзои созмонҳои то ҳол ношиноси экстремистию террористии “Ҷанат ошиқлар” ва “Тавҳид ва ҷиҳод” робита барқарор карда барои иштирок дар фаъолиятҳои ин гурӯҳҳо ризоият додааст.

Дар хабар омадааст, ки ин шахс аввалҳои моҳи апрели соли 2016 аз Душанбе ба Истамбул парвоз карда, сарҳади давлати Туркия ва Сурияро ғайриқонунӣ убур карда баъдан дар ҳайати ин гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ба муқобили нирӯҳои давлатии Сурия муддати тахминан 50 рӯз ҷангидааст. Баъди ин боз сарҳади давлати Туркия ва Сурияро убур намуда рӯзи 18 сентябри соли 2016 Истамбул боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд.

Тасдиқи дурустии ин иттиҳом тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Мавқеи маҳкумшуда ва ё хешу табораш ба ҳукми додгоҳ мушаххас нест ва маълум нест, ки Аламуродов иттиҳомоти воридаро эътироф мекунад ё на.

Тоҷикистон гурӯҳи “Давлатии исломӣ”-ро дар ин қаламрав мамнӯъ карда барои ширкати шаҳрвандонаш дар ҷангҳои Ироқу Сурия – макони фаъолияти ин гурӯҳ аз 12 то 20 соли зиндонро ҳамчун муҷозот пешбинӣ мекунад.

Мақомоти тоҷик дар гузашта гуфтаанд, ки на камтар аз 1100 шаҳрванди ин кишвар дар қаламрави зери назари гурӯҳи "Давлати исломӣ” ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG