Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ боздоштҳои дастаҷамъии Туркияро маҳкум кард


Зайд Раъд ал- Ҳусейн - Камисари Олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон
Зайд Раъд ал- Ҳусейн - Камисари Олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон

Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Зайд Раъд ал-Ҳусейн аз боздошту барканорсозиҳои дастаҷамъӣ дар Туркия нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, қонунӣ будани таъқиби шахсоне, ки дар кӯшиши табаддулоти низомии Туркия гумонбаранд, шубҳаовар аст.

Ахиран маълум гашт, ки мақомоти Туркия боз чаҳор ҳазор хидматчии давлатӣ ва низомиро барканор ва қисмеро боздошт кардаанд. Ҳамаи боздоштшудаҳо дар ҳамдастӣ бо табаддулотгарон гумонбаранд.

Дар Туркия баъди кӯшиши табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 саркӯбҳои дастаҷамъӣ идома дорад. Наздики 120 ҳазор одам аз мақом барканор ва ҳудуди 40 ҳазор нафар дастгир шудаанд.

Мақомоти Туркия ҳамчунин 29 апрел дастрасӣ ба сомонаи "Википедия" ё донишномаи озодро маҳдуд карданд. Ба гуфтаи Анқара, дар матолиби он гуфта шудааст, ки Туркия бо террористон робита дорад. Намояндагони донишномаи электронӣ аз ҳазфи ин мазмун худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG