Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тонӣ Блейр ба сиёсати калон бармегардад


Нахуствазири собиқи Бритониё Тонӣ Блейр гуфт, барои бозгашт ба ҳаёти сиёсӣ ба хотири муқобила бо Брекзит омода аст, вале дар интихоботи рӯзи 8 июн иштирок нахоҳад кард. Блейр, ки дар фосилаи солҳои 1997 то 2007 дар мақоми нахуствазири Бритониё кор кардааст, яке аз мунтақидони Брекзит буд ва ҳушдор дод, ки берунрафти Бритониё аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупо таҳдиде ба ин кишвар аст. Вай гуфт, ки ҷараёни Брекзит ӯро водор кард, ки дубора вориди сиёсат шавад. Дар ин бора ӯ дар сӯҳбат бо нашрияи Daily Mirror рӯзи 1 май хабар дод. Вай гуфт, ки дар чунин марҳилаи таърихии кишвараш ором нишаста наметавонад ва омода аст зидди тарки Иттиҳодияи Аврупо кардани кишвараш мубориза барад. Блейрро яке аз бонуфузтарин шахсиятҳои сиёсии ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG