Пайвандҳои дастрасӣ

Розенблюм аз мизони ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА изҳори қаноатмандӣ кард


Сафорати ИМА дар Душанбе гуфт, муовини ёвари котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблюм рӯзи 30 апрел вориди Тоҷикистон шуд ва дар ҷараёни ин сафар қарор аст бо мақомоти баландпояи кишвар ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ кунад. Сафари Роземблеум ба Душанбе то рӯзи 3 май идома мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дар сафорати ИМА дар Душанбе хабар доданд.

Ҷефф Райденаур – масъули бахши иттилооти сафорати Амрико дар Душанбе сафари муовини ёвари котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблюм ба Тоҷикистонро "корӣ" номид ва гуфт:

"Амрико бо Тоҷикистон ҳамкориҳояшро дар бахшҳои мухталиф идома медиҳад. Зеро Амрико ҳамеша нақша дорад, то ҳамкориҳояшро густариш бахшад".

Вай гуфт, Розенблюм бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқоте анҷом медиҳад, аммо дар барномаи сафари муовини ёвари котиби давлатии ИМА ба Тоҷикистон дидоре бо хабарнигорон дар назар нест. Ба гуфтаи манобеи сафорати Амрико дар Душанбе, барномаи сафари Розенблюм маҳдуд аст.

Рӯзи 1 май дар Душанбе муовини ёвари котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблюм бо раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Рустам Назарзода вазъи Тоҷикистонро аз назари хатарҳои офатҳои табиӣ ва раванди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ кардааст. Дар иттилоияи дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот сафири ИМА Элизабет Миллард ҳам иштирок кард. Дар мулоқот бо муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ масоили кӯмак дар тамрину омӯзиши наҷотбахшон, тақвияти тавонмандиҳои фаннии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва зерсохторҳои он баррасӣ шудааст. Розенблюм дар ин мулоқот аз мизони ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, бахусус дар соҳаи ҷилавгирӣ аз офатзҳои табиӣ ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда ҳам тавсеа хоҳад ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG