Пайвандҳои дастрасӣ

Столтенберг: Шумори нирӯҳои НАТО дар Афғонистон эҳтимолан афзоиш меёбад


Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки эътилофи нирӯҳои ғарбӣ барои тасмимгирӣ дар заминаи афзоиши шумори нирӯҳо дар Афғонистон барои муқобила бо шӯришиёни исломӣ ба тавофуқ наздик мешавад. Столтенберг дар як мусоҳибааш бо нашрияи олмонии Welt am Sonntag рӯзи 30 апрел гуфт, ки дар ростои шароити пурчолиши амниятӣ дар Афғонистон шумори нирӯҳои НАТО аз 13 ҳазор нафари феълӣ метавонад боз ҳам афзоиш ёбад, вале шумори дақиқе ба забон наовард. Столтенберг гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб қарор дар ин замина то моҳи июн гирифта мешавад ва ҳамчунин маълум хоҳад шуд, ки то куҷо мӯҳлати хизмати нирӯҳо аз як соли феълӣ то ба муддати бештар афзоиш дода шавад. Нирӯҳои НАТО дар Афғонистон бо ҳадафи кӯмак дар тамрину машварати нирӯҳои маҳаллӣ қарор доранд. Ҷон Николсон, генерали амрикоии фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон дар Конгресс моҳи феврал гуфт, ки барои посух додан ба чолишҳои мавҷуда дар Афғонистон шумори нирӯҳо бояд то чанд ҳазор нафари дигар афзоиш диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG