Пайвандҳои дастрасӣ

Украна 1,5 миллиард доллари Янукович ва атрофиёни ӯро мусодира кард


Раиси ҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович

Украина аз ҳисобҳои бонкии Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршуда ва атрофиёни ӯ наздик ба якуним миллиард долларо мусодира кард.

Петро Порошенко, раиси ҷумҳурии феълии Украина рӯзи 29 апрел гуфт, ки ин маблағҳо ба буҷаи кишвар интиқол ёфтанд ва барои ниёзҳои иҷтимоии низомиён сарф мешавад. Ба гуфтаи Порошенко бозгашти "пулҳои дуздӣ" иҷрои тааҳуди Майдон ва барқарор кардани адолат буд. Мусодираи амвол бо қарори додгоҳ амалӣ шуд, -гуфт раиси ҷумҳур.

Виктор Сердюк, вакили мудофеи Янукович, хабари мусодираи амволро рад кард. Ӯ дар сӯҳбат бо телевизиони "112 Украина" гуфт, ки Янукович на дар ширкат, на дар хориҷ ва на дар Ошадбанки Укрина ҳисоб надошт.

Виктор Янукович моҳи феврали соли 2014 аз мақоми президентӣ барканор шуд. Мақомоти нави Украина ӯро дар хиёнат, фасодкорӣ ва даст доштан дар марги иштирокдорони намоишҳои эътирозии Киев гумонбар медонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG