Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон аз оғози амалиёти баҳорӣ хабар доданд


Гурӯҳи тундрави Толибон дар Афғонистон аз оғози амалиёти баҳории худ хабар додааст. Ин гурӯҳ рӯзи 27 апрел бо нашрия як эъломия гуфтааст, ки ба нерӯҳои афғон ва эътилофи байналмилӣ ҳамла хоҳанд кард. Баъд аз он, ки раҳбари пешини ин гурӯҳи Ахтармуҳаммад Мансур дар як ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар вилояти Балуҷистони Покистон кушта шуд, амалиёти баҳории имсолаи Толибон "Мансурӣ" номгузорӣ шудааст. Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон мехонад, дар як эъломия гуфтааст, ки амалиёти имсола аз амалиётҳои солҳои гузашта фарқ дорад ва он ҳам ҷанбаи сиёсӣ ва ҳам низомӣ хоҳад дошт. Қабл аз эълони оғози ин амалиёт, дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба як пойгоҳи низомӣ дар вилояти Балх беш аз 140 нафар кушта шуданд.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG