Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Аз ҳама бештар мансабдорон қонуншиканӣ мекунанд"


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз риоя нагардидани қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" дар кишвар ба вижа аз сӯи хизматчиёни давлатӣ нигаронӣ кардааст. Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 27 апрел баргузор шуд, оқои Раҳмон гуфтааст, ки дар аксари ҳолатҳо вайронкунандагони ин қонун афроди мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ ва ҳамчунин фарзандону наздикони онҳо мебошанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки ин афрод берун аз муқаррарот худсарона маъракаҳои бошукӯҳ баргузор намуда ва дар қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва монеи рафтани фарзандонашон ба дарс бо мошинҳои гаронбаҳо намешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки аз ин ба баъд дар сурате, ки аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон ва хешовандони наздикони онҳо чунин амалро такрор кунанд, муҷозот мешаванд. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, ин амал метавонад то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ихроҷ кардани фарзандони онҳо, мунҷар шавад.

XS
SM
MD
LG