Пайвандҳои дастрасӣ

Навзоди тоҷик ҳаққи хуруҷ аз Русияро пайдо кард


Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳуҷҷатҳои тифли навзоди Аслонбек Ғафуров, як муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳро дуруст кардааст. Бар ин асос тифли семоҳаи ӯ ҳаққи ихроҷ ҳамроҳ бо волидайнаш аз Русияро пайдо намуд. Аслонбек Ғафуров, муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аввали моҳи апрел зимни муроҷиат ба Шӯъбаи пулиси Толяттии Русия ҳамроҳ бо ҳамсар ва се фарзандаш боздошт шуд. Тифли семоҳаи ӯ ҳуҷҷат надошт, бинобар ин эҳтимол дошт, Аслонбек ва хонаводааш бидуни ин навзод ба Тоҷикистон ихроҷ шаванд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия 25 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми санадҳои ин хонавода дуруст шуданд ва рӯзи панҷшанбе, 27 апрел ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Ӯ гуфт: “Кӯдак ҳуҷҷат надошт ва шахсияти он маълум набуд. Аз рӯи қонунҳо то маълум шудани шахсият мақомот ҳақ доштанд, ки кӯдакро бигиранд. Ҳоло ҳама ҳуҷҷатҳои ин хонавода дуруст шудааст ва ин хонавода ба Тоҷикистон равон карда мешавад. Дар дуруст кардану харидани чипта ба ин хонавода диаспораҳо ва консулгарии Тоҷикистон кӯмак кард.”

Ба гуфтаи додгоҳ, Аслонбек Ғафуров, ҳақ надошт, муддати тӯлонӣ дар Русия бимонад ва бояд барои ин қонуншиканӣ аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима супурдава аз Русия ихроҷ карда шавад. Аслонбек Ғафуров, ин муҳоҷири меҳнатӣ 25 апрел аз боздоштгоҳ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз нашри гузориш дар борааш намояндаҳои сафорати Тоҷикистон ба кӯмакаш расиданд.

-Вақте дар Радиои Озодӣ дар бораам гузориш нашр шуд, ду нафар аз сафорат омаданд ва дар дуруст кардани ҳуҷҷатҳои худам ва фарзандонам ёрӣ расониданд. Ягона хоҳиши ман ҳамин буд, ки кӯдаки се моҳаамро аз ман нагиранд. Ҳоло ҳамин мушкилам ҳал шуд,-гуфт ӯ.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, воқеан ду сол боз ҳуҷҷатҳояш дуруст набуд ва ҳангоми муроҷиат барои дуруст кардани сандаҳояш ба Идораи пулис боздошт шуд.

Қаблан, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия эълон карда буд, ки аз 24 март то 25 апрели соли равон ба муҳоҷирони тоҷик имконияти дуруст кардани сандаҳояшон фароҳам мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG