Пайвандҳои дастрасӣ

Зодаи Тоҷикистон даст доштанаш дар таркиши Петербургро рад кард


Шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов

Содиқ Ортиқов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки дар робита ба таркиши метрои Санкт-Петербург боздошт шуда буд, аз сӯи Додгоҳи шаҳри Маскав ба терроризм, харидорӣ ва нигаҳдории силоҳ айбдор шуд. Ин қарори додгоҳ рӯзи 24 апрел содир гардид.

Аммо вакили дифои Содиқ Ортиқов гуфтааст, муфаттишон исботи даст доштани шаҳрванди Тоҷикистонро дар ин ҳамла надоранд. Ба гуфтаи ҳуқуқдон, силоҳе, ки дар вақти кофтукоби хонаи Ортиқов ошкор шуд, ба зерҳимояи ӯ рабт надорад, “зеро ӯ дар ин хона танҳо зиндагӣ намекард”. Худи Ортиқов низ ба бегуноҳияш таъкид кард ва гуфт, то боздошташ ошпаз буд ва зиндагиашро бо меҳнати ҳалол пеш мебурд.

Содиқ Ортиқов рӯзи 6 апрел дар Маскав боздошт шуд. Муфаттишон мегӯянд, ки аз хонаи ӯ таппонча ва маводи тарканда ёфтанд. Баъдан мақомот гуфтанд, Содиқ Ортиқов шаҳрванди Тоҷикистон буда, аммо тайи понздаҳ соли охир дар Русия қарор доштааст. Мақомот гуфтанд, ин зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа оиладор ва соҳиби фарзанд аст ва то замони боздошт дар қаҳвахонаи "Лесное" ба ҳайси ошпаз кор мекард.

Рӯзи 3 апрел дар вагони метрои Петербург таркиш ба амал омад ва 14 нафарро кушта ба ҷо гузошт. Наздик ба 50 нафар захмӣ шуданд. Ду захмӣ ҳафтаи гузашта дар бемористон фавтида ва теъдоди умумии кушташудаҳо ба 16 нафар расид.

Ҳеҷ як аз гурӯҳҳои террористӣ масъулияти ҳамлаи Петербургро бар дӯш нагирифт. Муфаттишон мегӯянд, ки таркишро террористи интиҳорӣ Акбарҷон Ҷалилови 22-сола, сокини Қирғизистон анҷом дод, ки ҳамзамон шаҳрванди Русия буд. Онҳо Аброр Азимов, шаҳрванди дигари Қирғизистонро тарҳрези ин амали террористӣ эълон карданд. Худи Азимов иттиҳомро рад кард ва ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Аз рӯи ин қазия то ҳол 10 нафар боздошт шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG