Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар обхезиҳои Қазоқистон шаш кас ҷон бохтанд


Обшавии барфҳо ва аз соҳил баромадани оби дарёҳо аллакай 52 деҳаро дар вилоятҳои Оқтеппа, Қарағанда, Павлодар, Қазоқистони Шимоливу Ҷанубӣ, Костана ва Акмолин зери об кард. Об то пойтахти Қазоқистон ҳам расид: барои наҷоти пойтахт обанбори Остонаро холӣ мекунанд, аммо ин об манзилҳои наздикии обанборро зер мекунад.

Навори духтаракеро аз Оқтеппа, ки аз зери об мондани манзилашон нақл мекунанд, дар интернет тайи чанд рӯз ҳазорон нафар тамошо карданд. Ин кӯдак бештар аз ҳама аз зери об мондани китобу дафтараш ғамгин аст. Вай нигарон аст, ки раёсати мактаб пули китобро аз волидонаш меситонад.

Об 120 роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро хароб кард. Вазъи душвортарин дар шаҳри Атбасари вилояти Акмола ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шаҳр сарбанде, ки соли гузашта бунёд шуда буд, рахна гардида, 269 манзили зист ва як мактаби навсохтро зери об кард. Аз ин шаҳр 1300 сокин ба ҷои амн кӯч дода шуд.

XS
SM
MD
LG