Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: Масъулини пойгоҳ аз эҳтимоли ҳамлаи хунин огоҳ буданд


Ниҳодҳои амниятии Афғонистон аз ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъа ба як пойгоҳи артиши миллии ин кишвар дар вилояти Балх аз қабл иттилоъ дошта ва масъулини пойгоҳро чандин бор огоҳ карда будаанд. Як манбаи муътамади амниятӣ ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 23 апрел ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, бояд чораҳои пешгирӣ аз ин ҳамла гирифта мешуд. Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои дарёфтӣ, панҷ масъули пойгоҳи артиши миллии Афғонстон дар Балх дар робита ба ҳамлаи рӯзми ҷумъа боздошт ва мавриди бозҷӯӣ қарор доранд. Муҳаммад Ҳусейн, як сарбози афғон мегӯяд, ки онҳо баъди адои намози ҷумъа мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар ҳамлаи хунин ба пойгоҳи артиши миллии Афғонистон дар вилояти Балх 140 нафар кушта ва 60 тани дигар маҷруҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо Толибон бар уҳда гирифтааст. Давлати Афғонистон ба хотири арҷгузорӣ ба қурбониён якшанберо рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва дар ин рӯз парчами Афғонистон дар дохилу намояндагиҳои расмиаш дар хориҷ нима барафрошта шуд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 21-уми майи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG