Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои амниятии Русия гуфтанд, ки ду узви ДИИШ-ро куштанд


Дар як задухӯрди мусаллаҳона дар вилояти Стеврополи Русия ду узви гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» кушта шудаанд. Нирӯҳои амниятии Русия рӯзи 22 апрел ҳуввияти ин афродро ошкор накарда, вале гуфтанд, ки аз мошини онҳо миқдоре гулӯла, васоиле барои омода кардани бомба ва аз манзилашон силоҳу парчами ДИИШ ва адабиёти мазҳабӣ ёфт шудааст. Ба қавли манбаъ, ин ду нафар шаби 21 ба 22 апрел, ҳангоми боздоштани мошинашон аз тарафи маъмурони интизомӣ, муқовимат карда ва дар натиҷаи задухӯрд ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ба маъмурони амниятӣ осеб нарасидааст.

XS
SM
MD
LG