Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи якшанбе дар Афғонистон мотами миллӣ эълон шуд


Ашраф Ғанӣ – раиси ҷумҳури Афғонистон – рӯзи якшанбеи 23 апрелро ба хотири ҳалокати даҳҳо сарбозу афсар дар як пойгоҳи артиши миллии ин кишвар дар вилояти Балх мотами миллӣ эълон кард. Ин ҳамла ҳангоми адои намози ҷумъа аз тарафи Толибон сурат гирифтааст. Як мақоми баландпоя дар Балх гуфт, ки дар ҳамла 140 сарбозу афсар кушта ва 60 тани дигар захмӣ гардиданд. Қаблан Вазорати дифои Афғонистон эълон карда буд, ки беш аз сад нафар кушта ва захмӣ шуданд. Давлат Вазирӣ – сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон – рӯзи 22 апрел гуфт, ҳамлаварон даҳ нафар буданд ва дар тан либоси низомӣ доштанд. Толибон, ки масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст, иддао дорад, ки дар ин ҳодиса беш аз 500 сарбоз кушта ё захмӣ шуданд. Дар изҳороти Толибон, инчунин, таъкид шудааст, чаҳор нафар аз ҳамлаварон сарбоз буданд. Ин хунбортарин ҳамла болои низомиёни афғон хонда шудааст.

XS
SM
MD
LG