Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, Абдураҳмони Узбакӣ дар Сурия кушта шудааст


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз кушта шудани Абдураҳмони Узбакӣ, як дастёри Абубакри Бағдодӣ – раҳбари гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” – хабар дод. Ҷон Томас, сухангӯи фармондеҳии марказии Амрико, рӯзи 21-уми апрел гуфт, ки ин фард зоҳиран аз Узбакистон аст. Амрико мегӯяд, Абдураҳмони Узбакӣ дар ҳамлаи шаби Соли нав дар клуби "Рейна"-и Истанбул даст дошт, ки дар он 39 тан кушта шуданд. Ба қавли Ҷон Томас, Узбакӣ рӯзи 6 апрел дар ҷараёни як амалиёти заминии махфӣ дар наздикии шаҳри Маёдини Сурия кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG