Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷозоти ду афсари қазоқ барои ғорати ронандаҳои тоҷик


Ду афсари пулис дар Қазоқистон ба ҷурми ғорати ронандаҳои тоҷик ба 3,5-солии зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳи вилояти Ҷамбул рӯзи 21-уми апрел онҳоро барои ҳамеша аз ҳаққи кор дар ниҳодҳои давлатӣ маҳрум карда ва барои мусодираи молу мулкашон амр додааст.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ дар кишвар вуҷуд дорад ва на танҳо шаҳрвандони хориҷӣ, балки сокинони худи кишвар низ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ин ду афсари пулис ва як шарики онҳо моҳи ноябри соли гузашта бар асоси шикояти чаҳор ронандаи тоҷик дастгир шуданд. Баҳром Ҷамилов, Лашкархон Пиров ва Нурмуҳаммади Самад – зодагони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва Абдурашид Каримов – сокини шаҳри Душанбе шикоят карданд, ки ду афсари пулис ва шарикони онҳо дар ҳудуди вилояти Ҷамбул тақрибан як миллион танга, муодили 3 ҳазор доллари онҳоро ба яғмо бурданд.

Мусофирбарҳои ҳомили муҳоҷирони тоҷик низ аз ҳудуди Қазоқистон гузашта. ба Русия мераванд. Акс аз бойгонӣ
Мусофирбарҳои ҳомили муҳоҷирони тоҷик низ аз ҳудуди Қазоқистон гузашта. ба Русия мераванд. Акс аз бойгонӣ

Дар бораи инки оё чӣ ҷуброне барои ронандаҳои тоҷик пардохта хоҳад шуд, иттилое дар даст нест. Вале додгоҳ мегӯяд, дар “амалиёти” ғорати ронандаҳои мошинҳои боркаш чаҳор тан даст дошта, ба ҷуз аз ду афсари пулис як нафари дигар ҷазои шартӣ гирифтааст. Як ҳамроҳи дигари онҳо ҳанӯз таҳти пайгард қарор дорад.

Мурофиаи ин афрод моҳи марти имсол дар додгоҳи вилояти Ҷамбул оғоз ёфта ва онҳо дар рӯзи аввал қисман ба гуноҳи худ эътироф карда буданд. Афсарони пулис гуфтанд, ки ғорати ронандагони тоҷик нақшаи аз пеш барномарезишуда набуд, балки ногаҳон дар сарашон омад.

Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато мегӯяд, ҳодисаи ғорати ронандаҳои тоҷик шаби 2 ноябри соли гузашта рух додааст. Абдусаттор Холмуродов, котиби севуми консулгарии Тоҷикистон дар Алмаато, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ронандаҳо ҳангоми сафар роҳгум мезананд ва барои роҳбаладӣ кумак мехоҳанд. Аммо ин афрод онҳоро аз шаҳр берун бурда, ғорат мекунанд. Муҳоҷирони тоҷик баъд аз ҳодиса дарҳол ба рақами 102 занг зада ва гурӯҳи зудамал дафъатан ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешавад.”

Ба дасти роҳзанон афтодани муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон дар ҳолест, ки ронанадаҳои тоҷике, ки аз Русия ба Тоҷикистон бор мебаранд, танҳо аз ҳамин масир истифода мекунанд. Дар роҳҳои Қазоқистон ғорати ронандагон аз Тоҷикистон ва Узбакистон дар гузашта ҳам дида шудааст. Онҳое ҳадаф қарор мегиранд, ки дар даштҳои васеи Қазоқистон роҳгум зада ва ба дасти унсурҳои ҷиноӣ меафтанд.

Дар сурати муроҷиати қурбониён баъзе аз ҷинояткорон боздошт мешаванд.

Масалан, соле пеш ронандаи узбакистонӣ аз шаҳри Намангонро дар роҳ аз Русия ба Қазоқистон се дафъа ғорат кардаанд. Иброҳим Маҳмадалиев, ронандаи борбар дар суҳбат бо мақомоти интизомӣ гуфтааст, роҳзанҳо бо таҳдиди силоҳ дар маҷмӯъ дуним ҳазор долларашро рабудаанд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ дар кишвар вуҷуд дорад ва на танҳо шаҳрвандони хориҷӣ, балки сокинони худи кишвар низ ҳадаф қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи онҳо, нозирони милиса имкони назорати минтақаҳои бузургро надоранд ва аз ин рӯ чунин ҳодисаҳо ба вуқуъ мепайванданд ва дар сурати муроҷиати қурбониён баъзе аз ҷинояткорон боздошт мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG