Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба идораи амнияти Хабаровск ду нафарро қурбон кард


Ҳамлаи мусаллаҳона ба қабулгоҳи ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар минтақаи Хабаровск як ходими ин ниҳод ва шаҳрванди яке аз кишварҳои Муштаракулманофеъро кушта ба ҷо гузошт. Ҳодиса рӯзи ҷумъа рух дод. Дар ҷараёни тирпарронӣ як корафтода, ки ӯ низ шаҳрванди кишвари хориҷӣ гуфта мешавад, ҷароҳат бардошт. Ҳамлагар дар оташи ҷавобӣ кушта шуд.

Хадамоти федеролии амният мегӯяд, ки марди ношинос ба қабулгоҳи идора ворид шуд ва аз силоҳ оташ кушод. Бозҷӯии ин ҳодиса дар макони вуқӯи он ҷараён дорад.

Шахсияти ҳамлагар маълум шудааст. Ба маълумоти Хадамоти амният, ин ҷавони соли таваллудаш 1999 сокини Хабаровск аст. Муфаттишон мегӯянд, ӯ бо гурӯҳҳои неофашистӣ робита дошт.

Шоҳидон мегӯянд, қаламрави ҳодиса дар иҳотаи пулис қарор дошта, масири нақлиёти умумӣ тағйир ёфт ва иртиботи мобилӣ ҳар лаҳза қатъ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG