Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Амрико дар пайи боздошти бунёдгузори Wikileaks мегардад


Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори Wikileaks
Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори Wikileaks

Додситонии кулли Иёлоти Муттаҳида заминаҳои қонуниро барои боздошти Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори вебсайти Wikileaks омода мекунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 20-уми апрел бо такя ба манбаъҳои огоҳ хабар дод.

Ассанҷ ва сомонаи ӯ дар ҳоле мавриди таҳқиқи Додситонии кулл қарор гирифтанд, ки Wikileaks соли 2010 ҳазорҳо санади расмиро нашр кард., Ин санадҳоро таҳлилгари бахши иктишофоти нерӯҳои пиёдагард Брэдли Мэннинг дуздида буд,

Дар аҳди раҳбарии Барак Обама, маъмурияти ӯ ва як идда нашрияҳои обрӯманд, аз ҷумла рӯзномаи The New York Times ба ин натиҷа расиданд, ки боздошти Ассанҷро банди аввали Қонуни асосӣ, яъне кафолати озодии сухан манъ мекунад. Тағйирот дар мавқеи додситонӣ баъди пайдо шудани маълумоте ба мушоҳида расид, ки Ассанҷ Эдвард Сноуден, ҳамкори собиқи Оҷонсии миллии амнияти ИМА-ро дар талошҳояш барои пахши санадҳои маҳрамона таҳрик додааст.

Ҷулиан Ассанҷро Шветсия бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ҷустуҷӯ мекунад ва ӯ ҳоло аз истирдод дар сафорати Эквадор дар Лондон пинҳон шудааст.

Майк Пампео, раҳбари Идораи истихбороти Амрико чанд рӯз пеш Wikileaks-ро як созмони ғайридавлатии душман номид, ки гоҳо аз Русия кумаки чашмгир дарёфт мекунад.

Соли гузашта дар ҷараёни интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳида сомонаи Wikileaks санадҳоеро нашр кард, ки рахнагарони Русия аз серверҳои Кумитаи миллии Ҳизби демократи Амрико дузиданд.

XS
SM
MD
LG