Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Қазоқистон садҳо биноро хароб ва ҳазорҳо нафарро бе ҷо кард


Сел дар Оқтепаи Қазоқистон
Сел дар Оқтепаи Қазоқистон

Сел дар манотиқи шимоли Қазоқистон садҳо бинову хонаро хароб ва ҳазорҳо нафарро ба кӯч бастан маҷбур кард. Зарардидаҳо ҳукуматро ба вокуниши кунд дар баробари офати табиӣ муттаҳам намуданд.

Сокинон марги шаш нафарро ба обхезии рӯзҳои ахир пайванд медиҳанд, дар ҳоле ки мақомот мегӯянд обхезӣ хисороти ҷонӣ дар пай надошт. Мақомоти шимоли Қазоқистон рӯзи 20-уми апрел гуфтанд, бар асари обшавии барфҳо сатҳи об дар обанбори асосӣ се метр бештар аз ҳадди ниҳоӣ шудааст.

Вазири дохилии Қазоқистон Қалмуханбет Қосимов рӯзи 19-уми апрел гуфт, ки обхезӣ дар Оқмола, Павлодар, Қустанай, Шимоли Қазоқистон ва манотиқи дигар наздик ба 2000 биноро вайрон кард. Ҳазорҳо сокини ин манотиқ бо даҳҳо ҳазор чорвои онҳо ба минтақаҳои амн интиқол ёфтанд.

Баъзе азҳ осебдидагони обхезӣ ҳукуматро барои саҳлангорӣ дар пешгирии паёмади офати табиӣ муттаҳам карданд.

XS
SM
MD
LG