Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев аз риши ҷавонон ва либоси сиёҳи занон интиқод кард


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев – раиси ҷумҳури Қазоқистон – аз шими кӯтоҳу риши дарози ҷавонон ва ҳиҷоби сиёҳи духтарон дар ин кишвар ба шиддат интиқод карда, онро "хилофи фарҳанги мардум" номидааст. Вай рӯзи 19 апрел дар суҳбат бо намояндагони дин дар Остона гуфтааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба чунин бегонапарастӣ дар Қазоқистон роҳ нахоҳанд дод.

Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон гуфт, ки раиси ҷумҳур "бесаводии ҷавонҳо"-ро далели ин вазъ арзёбӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "агар ҷавонон ба равияҳои бегона рӯ оранд, бо давлат чӣ хоҳад шуд? Давлат бояд дунявӣ бошад ва пеш равад."

Нурсултон Назарбоев дар идомаи ин суҳбат аз афзоиши сафи занони, ба қавли ӯ, "сиёҳпӯш" ҳам нигаронӣ карда ва гуфтааст, чунин сарулибос мувофиқ бо анъанаҳои мардум нест. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, қазоқҳо танҳо дар рӯзи мотам либоси сиёҳ ба бар мекунанд. "Ин масъала бояд дар сатҳи қонунгузорӣ ҳал шавад. Мо онҳоеро таҳаммул намекунем, муқобили ҳадафҳои мо мебароянд", - таъкид кардааст президенти Қазоқистон.

Вай гуфтааст, мусалмони воқеӣ на аз рӯи либос, балки бо зебоии ботинӣ фарқ мекунад. "Агар дар қалби инсон ишқ ҳаст, пас, ӯ эътиқод дорад", - афзудааст Назарбоев.

Дар Тоҷикистон ҳам беш аз ду сол боз барои аз байн бурдани пӯшишҳои "бегона" ва ба "тартиб даровардани" риши ҷавонон талош доранд. Президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2015 дар суҳбат бо занони фаъоли кишвар аз тақлидкорӣ ё пӯшиши либосҳои бегона интиқод карда, онҳоро ба тарғиби либоси миллӣ даъват намуда буд. Дар пайи он ҷаласа Вазорати умури дохилӣ бо пахши гузориши телевизионӣ эълон кард, ки маъмурони пулис дар як рейд беш аз даҳ зани танфурӯши ҳиҷобдорро боздошт кардаанд.

Вале бисёре аз сокинони Тоҷикистон, ки 97 дарсади аҳолиашро мусулмонон ташкил медиҳанд, чунин бархӯрд бо либосҳои мазҳабиро як навъи дигар маҳдуд кардани озодии эътиқод мешуморанд ва мегӯянд, ҳадаф аз ин маърака бештар на таблиғи либоси миллӣ, балки мубориза бо ҳиҷобу сатри исломист. Вагарна, мегӯянд онҳо, "чаро дар мавриди либосҳои аврупоӣ, барои мисол, мини-юбка, ки низ либоси миллӣ ва хоси мардуми тоҷик нест, ягон мақом ҳарфе намегӯяд?"

XS
SM
MD
LG