Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: ДИИШ алайҳи мушовирони Амрико аз силоҳи кимиёвӣ истифода кард


Харобаҳои донишгоҳи Мавсил баъди даргирии нирӯҳои Ироқ бо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ". 10 апрели соли 2017
Харобаҳои донишгоҳи Мавсил баъди даргирии нирӯҳои Ироқ бо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ". 10 апрели соли 2017

Дар ҳудуди яке аз қисмҳои ҳарбии Ироқ алайҳи мушовирони низомии Амрико ва Австралия аз гази заҳрогини иприт ё хардал истифода шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии CBS рӯзи 18 апрел хабар дод ва гуфт, ки ҳамла аз тарафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” сурат гирифтааст.

CBS мегӯяд, аз ин силоҳ низомиёни Ироқ осеб дида, мушовирони Амрико ва Австралия барои кумаки тиббӣ муроҷиат накарданд. Дар чанд рӯзи ахир бори дувум аст, ки ДИИШ аз ҳамлаи кимиёвӣ кор мегирад. Рӯзи 16 апрел хабаргузории Associated Press гуфт, ҷиҳодиҳои ДИИШ заҳри номаълумеро ба кор бурданд, ки дар натиҷаи он шаш низомӣ осеб диданд. Таҳқиқи ин ҳодиса ҷараён дорад.

Моҳи январи соли равон низомиёни Ироқ “бастаҳои омӯзишӣ” ва заҳри хардалро дар канораҳои Мавсил ошкор карданд. Ба гуфтаи фармондеҳии нирӯҳои Ироқ, ҷангҷӯёни ДИИШ ин маводро бо мушакҳо озмоиш мекарданд ва мехостанд, дар ҷангҳо истифода кунанд.

Иприт ё гази хардал, ба истилоҳ “падари ҳамаи силоҳҳои кимиёвӣ” буда, ба узвҳои нафаскашӣ асобат мекунад ва позаҳр надорад. Истифодаи ин газ ҳанӯз аз замони ҷанги аввали ҷаҳонӣ мамнуъ шуда буд. Хадамоти махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қаблан гуфта буд, ки ҷангҷӯёни исломӣ дар Ироқ хлоринро низ ҳамчун силоҳ ба кор мебаранд. Ин газ ба рӯйхати Конвенсияи байналмилалӣ шомил нест, аммо истифодаи он шадидан мамнуъ аст.

XS
SM
MD
LG