Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудият барои рӯи саҳна овардани асари муаллифони хориҷӣ ва бартарӣ додан ба ҳунармандону коргардонҳои ҷавон аз шартҳои аслии ҷашнвораи имсолаи “Парасту-2017” будааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чанд шарт дар "Парасту - 2017"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:57 0:00

Дар ин ҷашнвора, ки рӯзи 18 апрел дар Душанбе ифтитоҳ шуд, масъулони Вазорати фарҳанг гуфтанд, дар интихобу баҳогузории асарҳои театрӣ тағйирот ба миён омадааст. Вале мунаққидони театр мегӯянд, дар асл ба саҳна мондани осори муаллифони машҳури хориҷӣ бадие надорад, танҳо бояд онро бо дарназардошти урфу одат ва завқи бинандаи тоҷик мувофиқ карда ба саҳна гузошт.

Ҷашнвораи театрҳои касбии “Парасту” имсол бо намоишномаи “Пизишки паррон” шурӯъ шуд. Ин намоишнома аз рӯи асари драмматурги фаронсавӣ Жан-Батист Молйер ва дар коргардонии Қурбони Собир дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯи саҳна омадааст.

Ҷашнвораи театрҳои касбии “Парасту”, ки дар ҳар ду сол як бор баргузор мешавад, имсол дар он 17 театрҳои касбии шаҳру ноҳияҳои кишвар барои шоҳҷоизаву дигар ҷоизаҳо рақобат хоҳанд кард. Ҳарчанд дигар ин ҷашнвора аз ҳудуди пойтахт берун намеравад, вале санъаткорон онро озмуне барои беҳтар кардани сифати намоишномаҳои театрӣ медонанд.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё авфи умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG