Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим ва фарзандонаш CАДО


Яке аз хонаҳои Абдуҳалим Назарзода

Хонаводаи Абдуҳалим Назарзода фармондеҳи ошӯбгар ва кушташудаи тоҷик мегӯянд, мақомот аз онҳо хостаанд, хонаи истиқоматиашон дар Душанберо холӣ кунанд, дар акси ҳол онҳоро маҷбурӣ аз онҷо берун мекунанд. Духтараш Файзигул Назарова рӯзи 16-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти интизомӣ ва аз дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳафтаи гузашта ба хонаашон дар кӯчаи Аҳмади Дониш дар ноҳияи Шоҳмансур омаданд ва ҳукми мусодираи хонаро нишон доданд.

Рӯзи 14-уми апрел омаданд ва ба мо гуфтанд, ки шумо бояд хонаро холӣ кунед.

"Рӯзи 14-уми апрел омаданд ва ба мо гуфтанд, ки шумо бояд хонаро холӣ кунед. Пеш аз он омаданд, хонаҳоро диданд, сурат гирифтанд ва рӯзи 14-уми апрел омаданд ва гуфтанд, ки хона ба ҳисоби давлат гузаштааст, бояд хонаро холӣ кунед. Аз прокуратураи генералӣ, суди ҳарбӣ ва комитаи амволи давлатӣ буданд” – мегӯяд ӯ.

Файзигул Назарова афзуд, мақомот ба онҳо гуфтаанд, ки бояд хонаро ҳарчӣ зудтар холӣ намоянд, дар акси ҳол мақомот маҷбур мешаванд, ҳукми додгоҳро бо зӯр иҷро кунанд. Дар ин ҳавлӣ ба гуфтаи Файзигул Назарова, се хонавода, аз ҷумлаи ӯву фарзандонаш, ҳамсари бародараш ва модараш ва дар маҷмӯъ 13 нафар зиндагӣ мекунанд.

Дар ин ҳавлӣ ҳамсару фарзандони Бахтиёр Назаров, фарзанди 28-солаи Абдуҳалим Назарзода ҳам зиндагӣ мекунанд, ки ӯро бо гуноҳи "даъвати оммавӣ барои тағйири сохти конститутсионӣ" ва даъват барои бетартибиҳои оммавӣ ба 22 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Абдуҳалим Назарзода дар амалиёт дар дараи Ромит кушта шуд.
Абдуҳалим Назарзода дар амалиёт дар дараи Ромит кушта шуд.

Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо ва генерали собиқ, ки ба ошӯби мусаллаҳона дар рӯзи 4 -уми сентябри соли 2015 муттаҳам мешуд, 12 рӯз баъд аз ин ошӯб ва рӯзи 16-уми сентябр дар дараи Ромит дар наздикии Душанбе бо чанде аз ҳамроҳонаш дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ кушта шуд.

Ошӯбе, ки ҳамаро тағйир дод

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз қазияи мусодираи ҳавлии Абдуҳалим Назарзода ва фарзандонашро шарҳ надодаанд, аммо баъд аз ин ошӯб гуфтаанд, ки муовини собиқи вазири дифоъ моликияти зиёде аз ҷумла фабрикаи мурғпарварӣ, корхонаи нонпазӣ ва моликияти дигаре доштааст, ки ба нафъи давлат мусодира хоҳанд шуд.

Аз ҷумла ба гуфтаи онҳо, Абдуҳалим Назарзода 9 корхона, 9 манзили истиқоматӣ, 56 мошини гуногун дигар амволи ғайриманқул доштааст, ки муомила бо онҳо дар ҷараёни тафтишот мамнӯъ карда шуд.

Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар замони ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки ба ҳукумат пайваст ва то ба мақоми муовини вазири дифоъ расид.

Ба гуфтаи мақомот, ӯ моҳи сентябр бо иддае аз ҳамроҳонаш, аз анбори вазорати дифоъ аслиҳаву муҳимоти ҷангиро гирифта ба як посгоҳе дар маркази шаҳр ҳамла карданд ва чанд маъмури амниятиро куштанд. Дар натиҷаи ин ошӯб ва ҳам амалиёт ба зидди афроди мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар маҷмӯъ 30 нафар кушта шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон баъдан эълон карданд, ки Абдуҳалим Назарзода, моликияти зиёдеро ғайриқонунӣ аз худ кардааст ва ҳамаи онҳо ба нафъи давлат мусодира хоҳанд шуд. Аз ҷумла се истироҳатгоҳ дар дараи Варзоб, тарабхонаву ресторан дар Душанбе, ферма дар Рашт ва моликияти дигар.

Дар кӯчаи Аҳмади Дониш, ки ҳоло ҳавлии ӯ ва фарзандонаш мусодира мешавад, ба гуфтаи мақомот, Абдуҳалим Назарзода 5 хонаи истиқоматӣ доштааст.

Намедонем ба куҷо равем

Файзигул Назарова ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз ин ҳавлиҳо аз они ӯ буд, ки мусодира шуд ва ӯ бо фарзандонаш ба хонаи модару бародараш кӯчид, ки акнун бояд холӣ карда шавад.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои шикоят ба Додситонии кулл ва Додгоҳи олӣ ва дигар мақомот муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа.

“Баъд мо гуфтем, ки мо куҷо равем, мо ҳамроҳи кӯдакон 13 нафарем, се оила ҳастем, мо куҷо равем, гуфтанд, ки мо инро намедонем, шумо худатон бояд ҷоятонро ёбед. “ -мегӯяд, ӯ.

Ошӯби Абдуҳалим Назарзода, яке аз саҳифаҳои сиёҳе дар таърихи Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷанги дохилии шаҳрвандӣ дар соли 1998 ба ҳисоб меравад. Баъди ин ошӯб, ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказиро ҳидоятгар ва тарҳрези ошӯб номид ва фаъолияти онро мамнӯъ кард. Раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, мегӯяд, ин иддао асос надорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG