Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирони "Сомон Эйр": Дохили ҳавопаймо пур аз дуди ғализ буд


Як ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ҳангоми шурӯи парвоз аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд дучори мушкил шуда, исти изтирорӣ анҷом додааст. Мусофирон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса шоми 14 апрел рух дод ва дар як муддати кӯтоҳ “дохили ҳавопаймо пур аз дуди ғализ шуд”. Танҳо баъд аз исти изтирорӣ дар фурудгоҳи Душанбе ва расидани ҳавопаймои дигар мусофирон тавонистаанд, бо таъхир ба маркази вилояти Суғд парвоз кунанд. Дар ин ҳавопаймо беш аз 120 мусофир қарор доштаанд.

Ҷӯрабой Ҷумъаев, раҳбари ширкати “Арт.Тҷ” ва мусофири ин хатсайр, 15 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парвоз қарор буд соати 18-и рӯзи ҷумъа анҷом шавад, аммо дар ниҳоят тақрибан соати 20 мусофирон вориди ҳавопаймо шудаанд. Вай афзуд, ҳангоми суръатгирӣ дар хатти парвоз, дохили ҳавопайморо дуди ғализе пур кардааст ва сарнишинҳо водор шудаанд, ки ҳавопаймо боздоранд.

Ҷумъаев гуфт, “ҳавопаймо истод ва моро ба берун оварданд. Масъулони ширкати “Сомон Эйр” дар шарҳи ҳодиса гуфтанд, ки ин як чизи маъмулӣ аст ва мусофирон набояд нигарон бошанд. Зеро, бархе аз мусофирон намехостанд дигар бо ҳавопаймо парвоз кунанд. Аҳволи чанде аз мусофирон, ки асосан аз вакилони анҷумани соҳибкорони ҷавон иборат буд, бад шуд.”

Ҷамила Ҳусейнова, суханггӯи фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рух додани ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, “ба далели сабабҳои фаннӣ парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бо таъхир анҷом шудааст.” Ҳусейнова аз ироаи ҷузъиёти дигари ин ҳодиса худдорӣ кард. Мақомоти ширкати “Сомон Эйр” ҳанӯз вазъиятро шарҳ надода ва ҳам нагуфтаанд, ки мушкили фаннӣ чӣ буд.

Рӯзи 9 марти имсол ҳавопаймои “Боинг”-и ширкати "Тоҷик Эйр" ҳангоми парвоз аз Хуҷанд ба самти Маскав дучори мушкил шуда, дубора ба Хуҷанд баргашт. Масъулони фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд он замон дар шарҳи ҳодиса гуфтанд, ки яке аз чархҳои ин ҳавопаймо баъди гирифтани сӯзишворӣ ва вақти ба ҳаво хестан дар фурудгоҳи "Тараз"-и Қазоқистон кафидааст ва бинобар ҳамин, ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргашт.

XS
SM
MD
LG