Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Хуҷанд сарнишинони парвози садамавиро қадрдонӣ кард


Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд сарнишинони ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикэйр”-ро барои беосеб фуруд овардани ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд-Маскав, бо ҷоизаи пулӣ қадр кардааст. Дар ҳодисаи шаби 9 март сарнишинони ҳавопаймои "Боинг", ки дучори мушкили фаннӣ шуд, 147 сарнишини онро тавонистанд беосеб ба замин нишонанд.

Юсуфҷон Маюсуфов, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи 9 сарнишини ҳавопаймои ин хатсайр аз ҷониби сардори ин фурудгоҳ Қурбони Алимардон бо 10 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулии фурудгоҳ тақдир шуданд. Ӯ афзуд, ки ин ҷоизаи пулӣ ба онҳо барои рӯзи 9-уми март нишон додани маҳорати ҳирфаӣ ва бе талафоти ҷонӣ ба замин нишондани ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд - Маскав эъто гардид.

Қабл аз ин, вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода раҳбари ҳайати сарнишинони ин хатсайр Абдурашид Ясиновро бо нишони «Корманди шоистаи нақлиёти Тоҷикистон” ва сарнишинони дигарро бо ифтихорнома ва фурудгоҳи Душанбе низ ба раҳбари сарнишинони ин ҳавопаймо 5 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулӣ дода буд.

Навори нишасти изтирории ҳавопаймои Тоҷик Эйр дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00

Абдурашид Ясинов, раҳбари ҳайати ин парвоз рӯзи 30-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз онҳо аз баланд арзёбӣ шудани кори касбиашон аз сӯи раҳбарияти худ шоданд. Ӯ афзуд: «Ман дар маросимҳои гирифтани ҷоизаҳо гуфтам, ки барои мо ҷоизаи аслӣ ин мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани кори мо аст. Мо худро ҳеҷ вақт қаҳрамон эҳсос намекунем. Мо фақат барои беҳтар иҷро кардани кори худ, хидмат ба халқ, беосеб то ҷояшон бурдани мусофирони ҳавопаймо кӯшиш мекунем.»

Фурудгоҳи Хуҷанд сарнишинони ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикэйр”-ро барои беосеб фуруд овардани ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд-Маскав, бо ҷоизаи пулӣ қадр кард.

Раҳматҷон Ҳотамов, сарнишини дуюми ҳавопаймои "Боинг" вақти фурудории садамавии буд. Ӯ мегӯяд: “Байни ману командир Ясинов ҳамдигарфаҳмии комил буд. Ҳар мусофири ҳавопаймо ба умед билет мехарад, ки ба манзили мақсудаш сиҳату саломат рафта расад. Барои ҳамин мо - сарнишинон ба тарсу ваҳм ҳақ надорем. Мо то сонияҳои охирин умедвор будем бо ёрии ҳамкоронамон дар замин, ҳавопайморо беосеб мешинонем ва хушбахтем, ки мусофиронамон ягон осеб надиданд.”

Ясинов 26 сол ва Ҳотамов 17 сол паси фармони ҳавопаймоҳо дар парвозанд ва ба гуфтаи худашон, бори аввал ба таври изтирорӣ ҳавопайморо ба замин нишондаанд. Онҳо мегӯянд, ҳар сол 2 бор дар шаҳри Вилнюси Литва ҳавонавардӣ, аз ҷумла беосеб ба замин фуруд овардани ҳавопаймо бо нуқсони техникиро, тамрин мекунанд.

Фуруди изтирории ҳавопаймои Тоҷикэйр дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Ҳавопаймои "Боинг"- и ширкати "Тоҷикэйр", ки шаби 9 март аз Хуҷанд ба самти Маскав парвоз мекард, баъди гирифтани сӯзишворӣ дар "Тараз"-и Қазоқистон ва пайдо шудани нуқси техникӣ дубора ба Хуҷанд баргашт. Масъулони фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд он замон дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки яке аз чархҳои ин ҳавопаймо баъди гирифтани сӯзишворӣ ва вақти ба ҳаво хестан дар фурудгоҳи "Тараз"-и Қазоқистон кафид ва бинобар ҳамин, ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргашт. Пеш аз нишастан ҳавопаймо ду соат дар фазои шаҳри Хуҷанд чарх зада ва маводи сӯхташро кам кардааст.

Ҳавопаймои хатсайри рақами 645 дар самти Хуҷанд -- Маскав 140 мусофир, ба шумули 7 кӯдаки то панҷсола ва 9 сарнишин дошт. Мусофирони ин хатсайр мегӯянд, сарнишини ҳавопаймо тақрибан 1 соат пеш аз фуруд омадан онҳоро аз нишасти садамавӣ огоҳ карда ва вақти фурудоӣ ва эҳтимоли беруноӣ аз дарҳои садамавиро гаштаву баргашта ёд медоданд.

Соли 2013 низ ҳавопаймои «Боинг-737»-и ширкати «Тоҷик Эйр» зимни бозгашт аз шаҳри Маскав ба мушкили фаннӣ дучор шуд ва баъди 1 соати парвоз дар болои шаҳри Хуҷанд дар фурудгоҳ нишаст. “Боинг 737” бо 93 мусофир, аз ҷумла 10 кӯдак ва 9 ҳайати парвоз аз Маскав бармегашт ва халабонҳо он вақт тавонистанд ҳавопаймоеро, ки ду чархаш кафида буд, беосеб ба замин нишонанд.

Мақомот он замон ин ҳодисаро як “сабақи бузург” ва корномаи халабонҳоро ҳамчун "мардонагиву шуҷоат" ситоиш карда, дар сатҳи президенти Тоҷикистон онҳоро қадрдонӣ карданд. Ширкати "Тоҷик Эйр" дар ихтиёраш 36 ҳавопаймо дорад, ки шаштои он умдатан дар хатсайрҳои байналмилалӣ парвоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG