Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи байналмилалӣ ҳамла ба амбори силоҳи кимиёвиро рад кард


Осебдидаи ҳамлаи кимиёвӣ дар Идлиб.
Осебдидаи ҳамлаи кимиёвӣ дар Идлиб.

Эътилофи байналмилалии таҳти назари ИМА ҳамлаи ҳавоӣ ба анбори дорои силоҳи кимиёвӣ дар Сурияр рад кард. Дар ин бора намояндаи фармондеҳии амалиёт Ҷон Дориан дар Твиттер навишт.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳукумати Сурия гуфт, ки ҳамлаи ҳавоии Эътилофи байналмилалӣ бо сарварии Иёлоти Муттаҳида ба анборҳои дорои силоҳи кимиёвии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" садҳо нафарро қурбон кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод.

Димишқ гуфт, ки ба дунболи ҳамлаи Эътилофи байналмилалӣ ба анборҳои ДИИШ, дар минтақаи Дайр Аз-Зур рӯзи 12 апрел садҳо нафар заҳролуд шуданд. Тасдиқи ин хабари ҳукумати Сурия дар манобеи мустақил мавҷуд нест.

Рӯзи 4 апрел мухолифини Сурия аз ҳалокати даҳҳо нафар дар вилояти Идлиб хабар доданд. Ташхис нишон дод, ки қурбониҳо аз гази зарин заҳролуд шуданд. Иёлоти Муттаҳида ва давлатҳои дигари ғарбӣ масъулияти ҳамлаи кимиёвиро бар дӯши режими Башор Асад гузоштанд, ки Русия аз он пуштибонӣ мекунад. Димишқ иттиҳомро рад кард.

Рӯзи чоршанбе Русия қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро вето кард, ки режими Башор Асадро барои истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия маҳкум мекард. Дар қатънома аз Димиқ талаб мешуд, ки дар бораи тамоми парвозҳои рӯзи ҳамлаи ҳавоӣ маълумот пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG