Пайвандҳои дастрасӣ

Мадина Иброҳимзода бо кӯдакаш қурбони офати табиӣ шуданд


Сел дар деҳаи Камчати ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз як модару кӯдакро қурбон кардааст. Як масъули ҳукумати Дарвоз рӯзи 13 апрел гуфт, ки ҷасади Мадина Иброҳимзодаи 19-сола ва писари дусолаи ӯ Давлатҷон Исмоилзодаро пайдо кардаанд ва ба зудӣ ба хок хоҳанд супурд. Ӯ гуфт, “ҳодиса соати 10-и ҳамин рӯз рух дод. Сел омад. Хонаашонро чаппа карда ва инҳоро бо худ бурдааст.” Раиси ҷамоати Сағирдашт гуфт, ки бориши зиёди борон ва омадани сел дар гӯшаҳои дигари ин ноҳия низ харобкорӣ кардааст. Ҳамагӣ даҳ рӯзи пеш дар ноҳияи Ашт як модар бо кӯдакаш дар об рафтанд. Мақомот гуфтанд, ки Қурбоной Мирзоқулова, сокини деҳаи Сариҳавзи ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт, бо тифлаш ба лаби сой барои обгирӣ рафта, баъдан ҳарду дар об рафтаанд. Дар пайи офатҳои табиии чаҳор моҳи охир беш аз сӣ нафар ҷон бохтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG