Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари ҳамлаи Стокҳолм соли 2015 талош кардааст, ба Сурия равад


Акси Раҳмат Оқилови 39-сола
Акси Раҳмат Оқилови 39-сола

Шаҳрванди Узбакистон Роҳат Оқилов, ки дар анҷоми ҳамлаи террористии шаҳри Стокҳолм гумонбар аст, соли 2015 талош кардааст, барои ҷангидан ба ҷонибдорӣ аз тундравон ба Сурия равад. Дар ин бора як манбаъ аз хадамоти махсуси Узбакистон ба хабаргузории Reuters иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаи хабаргузорӣ, Роҳат Оқилов шаҳрванди тоҷиктабори Узбакистон аст.

Баъди сафар ба Шветсия зери таъсири гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" қарор гирифтааст. Ӯ дар марзи Туркия бо Сурия боздошт ва ба далели инки мақоми паноҳандагии Шветсияро дошт, ба ин кишвар ихроҷ шуд.

Моҳи феврали имсол мақомоти Узбакистон Оқиловро бо айби ифротгароии динӣ дар кофтукоб қарор додаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати радиои "Ekot"-и Шветсия, Оқилов шахси мазҳабӣ набуд, вале ба масҷиди пинҳоние, ки дар наздикии пойтахти ин кишвар ҷойгир аст, мерафт. Эҳтимол аст, ӯ бо ҷонибдорони ДИ дар онҷо суҳбат карда бошад.

Дар шаҳри Стокҳолм 7 апрел як мошини боркаш ба роҳи пиёдагард баромада, анбуҳи одамонро пахш кард. Дар натиҷа чаҳор одам кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд. Бо гумони даст доштан дар ин ҳамла ду нафарро дастгир каранд. Мошини боркашро Оқилов идора мекард.

XS
SM
MD
LG