Пайвандҳои дастрасӣ

Оқилов анҷоми амали террористии Стокҳолмро эътироф кардааст


Шаҳрванди Ӯзбакистон Роҳат Оқилови 39-сола, ки дар як ҳодисаи рӯзи 7 апрел дар шаҳри Стокҳолм бо мошинаш 4 нафарро пахш карда куштааст, дар содир кардани амали террористӣ иқрор шуд. Дар ин бора вакили дифои Оқилов рӯзи 11 апрел изҳорот дод. Додситоне, ки дар ҷараёни мурофиаи муқаддамотии додгоҳии рӯзи 11 апрел иштирок дошт, дар баробари хабарнигорон гуфт, ки эътирофи Оқилов дар додгоҳе садо дод, ки масъалаи ба ҳабси муваққатӣ гирифтани гумонбарро дар ҷараёни тафтишот баррасӣ мекард.

Дар догоҳ асноди тасдиқкунандаи шаҳрванди Ӯзбакистон будани Оқилов намоиш дода шуд. Муовини раиси додситон Ҳанс Иҳрман тасдиқ кард, ки Оқилов воқеан ҳам дар анҷоми амали террористӣ гумонбар мешавад. Рӯзи 10 апрел раиси полис Дан Эллиассон гуфт, мақомот бовар доранд, ки ҳамлагари воқеии рӯзи 7 апрелро боздошт кардаанд. Полис феълан исми гумонбари дуюми боздоштшуда дар рӯзи 9 апрелро ошкор намекунад. Аз рӯзи 7 апрел мақомот дар чаҳорчӯби тафтиши ин ҳодиса тахминан 600 мусоҳиба ва чандин рейдро дар манотиқи фаротари шаҳри Стокҳолм анҷом додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG