Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи навбатии Эрдуғон ба Аврупо


Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бори дигар ба интиқоди Аврупо пардохт ва таҳдид кард, ки тасмими қаблии кишвар барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо бозбинӣ мешавад ва “Аврупо барои ҳар коре, ки алайҳи мардуми Туркия кардааст, посух хоҳад дод”. Дар суханроние, ки рӯзи 9 апрел дар Измир садо дод, Эрдуғон гуфт, ки баъди референдуми тағйири конститутсияи Туркия дар рӯзи 16 апрел, агар муваффақона гузашт, мавзӯи ҳамоиши Туркия ва Аврупо бозбинӣ мешавад. Тағйири конститутсионӣ ба тақвияти қудрати Эрдуғон нигаронида шудааст.

Эрдуғон аз Аврупо бо истилоҳи “як марди бемор” ёд кард, ин айни ҳамон истилоҳест, ки сиёсатмадорони аврупоӣ барои тавсифи Туркияи Усмонӣ дар қарни 19 ба кор бурдаанд. Эрдуғон, яке аз муассисони ҳизби муҳофизакори исломии “Адолат ва тараққиёт” соли 2003 нахуствазир шуд ва аз он замон то соли 2014 дар ин мақом кор кард. Баъдан ӯ ба мақоми президентӣ интихоб шуд. Ӯ бунёди ҳукумати президентиро бар ивази ҳукумати парлумонӣ ҳадаф қарор дод ва раъйпурсии тағйироти конститутсиониро ба роҳ монд. Эрдуғон таъкид мекунад, ки чунин амр ба хотири таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар зарур аст. Вале мунаққидон мегӯянд, ки чунин тасмим қудрати зиёдро дар дасти як нафар тамаркуз мекунад. Эрдуғон ба хотири саркӯби мухолифону дигарандешон дар соли 2016 ҳам зиёд танқид мешавад. Тобистони соли гузашта Анкара масъулияти он чиро, ки ҳукумат кудатои ноком номид, ба дӯши рӯҳонӣ Фатҳулло Гюлен вогузор ва тамоми парвардаҳои мактабу равияи ӯро аз саҳнаи сиёсиву ҷамъиятӣ берун ва ҳам зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG