Пайвандҳои дастрасӣ

Иброҳим Раисӣ - номзади нави интихоботи президентӣ дар Эрон


Иброҳим Раисӣ, сиёсатмадор ва рӯҳонии муҳофизакори эронӣ, ба мубориза барои курсии президентӣ дар ин кишвар изҳори омодагӣ кард. Раисӣ нияти ширкат дар интихоботи 19 майро рӯзи 6 апрел тавассути намояндагони худ дар шаҳри Теҳрон эълон намуд. Намояндаи Раисӣ гуфт, ин рӯҳонӣ аз ниҳоди назорати интихоботҳо берун шуд, то тавонад номзадиашро ба интихобот пешбарӣ кунад. Аз президенти амалкунанда Ҳасан Рӯҳонӣ, ки яке аз номзадҳои дигари интихоботӣ маҳсуб мешавад, бештар ислоҳотхоҳон тарафдорӣ мекунанд.

Ёварони Рӯҳонӣ гуфтанд, ки президенти амалкунанда ният дорад, барои даври дувуми раёсати ҷумҳурӣ мубориза барад. Иброҳим Раисӣ 56 сол дошта, дар гузашта дар мақоми додситон ва ҳам мақомҳои баланди низоми додгустарӣ кор кардааст. Ӯ як узви маҷлиси хубрагон аст, ки аз кори раҳбари олӣ назорат ва стратегияи давлатро муайян мекунад. Номзад ба мақоми президентӣ бояд аз 11 то 15 апрел сабт шуда ва ин феҳрастро Шӯрои нигаҳбон тасдиқ кунад.

Иброҳим Раисӣ мудири як созмони азими динии "Устони Қудси Разавӣ" аст, ки масъулияти нагиҳдориву назорат аз оромгоҳи имоми ҳаштуми шиаён Ризоро ба ӯҳда дорад ва яке аз шабакаҳои бонуфузи пуливу молӣ ҳам маҳсуб мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG