Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: ИМА омодааст зидди Пхенян ба танҳоӣ иқдом кунад


Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, агар Чин дар робита ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ мавқеи ҷиддитар нагирад, Вашингтон омодааст, дар ин замина мустақилона иқдом кунад.

Ин суханҳои президенти ИМА-ро «Файнэншл таймс» 1 апрел, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз мулоқоти Трамп бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин, ки қарор аст рӯзҳои 6-7апрел дар Мар-а-Лагои Флорида баргузор шавад, нашр кард.

"Таъсири Чин ба Кореяи Шимолӣ бештар аст. Пекин шояд дар робита ба Кореяи Шимолӣ ба мо кумак кунад, шояд не. Агар кард, пас ин ба нафъи Чин низ ҳаст. Агар не, пас бар зарари ҳама хоҳад буд", - афзуд Трамп.

Президенти ИМА мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида бидуни Чин, ки ҳампаймони аслии байналмилалии Пхенян аст, метавонад ба вазъ дар Кореяи Шимолӣ "пурра" вокуниш нишон диҳад.

Ӯ дар посух ба суоли ин ки бо Кореяи Шимолӣ чӣ гуна муносибат хоҳад кард, гуфт, "Намегӯям, ман Иёлоти Муттаҳидаи соли гузашта, ки ҷамъ шудем ва гуфтем, ки мехоҳем, дар Ховари Миёна зарбаҳоеро анҷом бидиҳем, нестам".

Интизор меравад, Трамп ва Си Ҷинпин як қатор масоили печида дар робита ба вазъи Кореяи Шимолӣ ва баҳсҳои тиҷорию ҳудудиро дар баҳри Чини Ҷанубӣ баррасӣ кунанд. Трамп дар маъракаҳои интихоботияш Пекинро ба тиҷорати ноодилона айбдор карда, таҳдид карда буд, ки боҷи воридотии молҳои чиниро боло мебарад.

XS
SM
MD
LG