Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссионери Аврупо Вучичро бо пирӯзӣ табрик кард


Комиссионери умури тавсеаи Аврупо Ҳанн Йоҳаннес нахуствазири Сербияро бо пирӯзии, ба гуфтаи ӯ, “боэътимод”-аш табрик кард ва гуфт, ки барои ҳамкории наздик дар оянда дар амри ҳамоиши ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо боумед менигарад.

Нахуствазири Сербия Александр Вучич дар интихоботи президентии кишвараш пирӯз шуд. Интизор меравад, ки натиҷаҳои интихобот нуфузи Русия бар ин кишвари Балкан афзоиш медиҳад. Баъди эълони натиҷаҳои пурсишҳои сареи баъдиовоздиҳӣ ё экзит-пол, Вучич хитоб ба тарафдоронаш гуфт: “Ғалабаи ман мисли шиша шаффоф аст. Ин як рӯзи хеле муҳим барои мо аст, чунки самтгириҳои баъдии Сербияро намоиш медиҳад”. Вучич ваъда додааст, ки Сербияро ба сӯи Иттиҳодияи Аврупо раҳнамоӣ мекунад, айни замон ӯ хостори равобити наздик бо Русия мебошад. Вучич гуфт, ки “аксари кулли мардуми Сербия идомаи ҳаракати кишвар ба самти Аврупоро пуштибонӣ карда ҳамчунин тарафдори ҳифзи робитаҳои суннатан хуб бо Русия ва Чин мебошанд”. Вай гуфт, ки ҳукумати нав дар фурсати ду моҳи дигар таъсис мешавад. Натиҷаҳои расмии интихобот қарор аст рӯзи 3 апрел нашр шавад. Назарсанҷиҳои мухталиф бо пешгӯии пирӯзии Вучич дар интихобот гуфтанд, ки ба эҳтимоли ғолиб 55 % раъдиҳандагон аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Беқурбшавии сомонӣ воридотро душвор кардааст.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:55 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG