Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили зиндонӣ Жапаров қасди худкушӣ кардааст


Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон хабар медиҳад, 2 апрел соати 5 субҳ ба боздоштгоҳи №1 Бишкек, ҷое ки вакили пешини қирғиз Содир Жапаров нигаҳдорӣ мешавад, табибони навбатдор даъват шуданд. Табибон дар гардан ва дастони Жапаров захмҳои буридаро ошкор карданд ва ба бемористони марказии маҳбасхонаҳо фиристоданд.

Сухангӯи хадамоти иҷрои ҷазо Александр Никсдорф мегӯяд, Жапаров аз роҳбарияти СИЗО ва ё ҳамутоқонаш дар маҳбас шикоят надорад. "Жапаров дар бемористони марказии маҳбасҳо ҷарроҳӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир вай дар утоқи алоҳида муолиҷа мешавад. Вазъаш муътадил аст", - гуфт Никсдорф.

Вакилони дифоъ, намояндагони додситонии махсус ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Содир Жапаров мулоқот кардаанд. "Дар суҳбат бо онҳо Жапаров гуфт, ки худаш дасту гарданашро буридааст. Вай нисбати кормандони СИЗО даъво надорад, танҳо хоҳиш мекунад, ки пайвандонашро озод кунанд", - афзуд Никсдорф.

Аммо наздикони Жапаров ба ин хулоса розӣ нестанд ва мегӯянд, бояд таҳқиқи мустақил анҷом шавад.

Содир Жапаров, ки се сол пеш аз кишвар берун рафта буд, 25 март ба Қирғизистон баргашт. Ӯро баъди убур аз марзи Қазоқистону Қирғизистон боздошт карданд. Мақомоти қудратӣ хабар доданд, ки вай дар доираи парвандаи ҷиноятии марбут ба иқдоми эътирозии 7 октябри соли 2013 боздошт шудааст. Додгоҳ ӯро то анҷоми тафтишот ба ҳабси пешакӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG