Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси рӯзноманигор Мамай то 10 май тамдид шуд


Додгоҳи ноҳияи Медеуи шаҳри Алмаато ҳукми ҳабси пешакии сармуҳаррири нашрияи мухолифи Қазоқистон "Трибуна" Ҷонболат Мамайро бетағйир гузошт.

Дар мурофиаи пушти дарҳои бастаи 31 март, кафилии 30 нафарро, ки гуфтанд, агар Мамай бар ивази гарав озод ё ҳукми ӯ ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шавад, ба бозпурсиҳо ва ҳама гуна амалҳои тафтишотӣ ҳозир хоҳанд шуд, додгоҳ ба инобат нагирифт.

Ба огаҳии созмони ҳомии ҳуқуқи "Одилсоз", додрас баъди изҳороти додситон, ки гуфт, "кафилҳоро намешиносад ва барояш шахсони муътабар нестанд", ҳукми рӯзноманигорро бетағйир гузошт.

Ҳамчунин шикояти вакили дифои Мамай аз болои муфаттишон, ки эҳтимол дорад, тартиботи мурофиаи додгоҳиро вайрон кардаанд, рад шудааст.

Ҷонболат Мамайи 28-сола 10 феврал бо қарори додгоҳи Медеу то 10 апрел ба ҳабс гирифта шуд. Муфаттишон Мамайро дар пулшӯӣ айбдор мекунанд, вале рӯзномангор ин айбномаро "сиёсӣ" ва баҳонае барои қатъи нашри рӯзнома медонад.

Ҳомиёни ҳуқуқ боздошти Ҷонболат Мамайро маҳкум карда, аз мақомот хостанд, ки ӯро озод кунанд.

XS
SM
MD
LG