Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: "Вазири ҷанг"-и ДОИШ-ро куштаанд


Нерӯҳои ироқӣ ҷанг барои поксозии шаҳри Мавсил аз ҳузури ҷангҷӯёнро идома медиҳанд. Худи Бағдодӣ аз инҷо гурехтааст.
Нерӯҳои ироқӣ ҷанг барои поксозии шаҳри Мавсил аз ҳузури ҷангҷӯёнро идома медиҳанд. Худи Бағдодӣ аз инҷо гурехтааст.

Телевизиони давлатии Ироқ гузориш дод, ки фармондеҳи дуввуми гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар наздикии марзи Сурия кушта шудааст. Телевизион рӯзи 1-уми апрел аз қавли хадамоти иттилоотии артиши Ироқ хабар дод, Аёз ал-Ҷумайлӣ, ки бовар меравад, муовини Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи Давлати исломӣ бошад, дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ироқӣ ҳамроҳ бо чанд фармондеҳи дигари гурӯҳ дар минтақаи Ал-Қайм дар наздикии марзи Сурия кушта шудааст.

Дар ин гузориш Ҷумайлиро “фармондеҳи дуввум”ва “вазири ҷанги” ДОИШ номиданд. Рӯзи ҳамларо нагуфтаанд. Нерӯҳои ироқӣ бо ҳимояти нерӯҳи байналмилалии ба раҳбарии Амрико саъй доранд, шаҳри Мавсилро аз дасти ҷангҷӯён озод кунанд.

Гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ин шаҳри Ироқро соли 2014 ишғол кард. Гуфта мешавад, ки Ал-Бағдодӣ аз шаҳр гурехта ва дар кадом минтақаи биёбонӣ дар марзи Сурия пинҳон шудааст. Нерӯҳои ба раҳбарии Амрико хабари марги Ал-Ҷумайлиро то кунун шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG