Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи интихоботи Арманистон. Кӣ меояду кӣ меравад?


Интихобот субҳи барвақт шурӯъ шуд.
Интихобот субҳи барвақт шурӯъ шуд.

Дар Арманистон раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ оғоз ёфт, ки маълум мекунад, ҷараёни гузариши кишвар аз низоми президентӣ ба низоми порлумонӣ дар соли оянда зери раҳбарии кадом сиёсатмадор сурат мегирад.

Дар маъракаи пешазинтихоботӣ 9 ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ барои ба даст овардани дили раъйдиҳандагон асосан ба мушкилоти иқтисодии Арманистон таммаркуз карданд.

Бино ба назарсанҷиҳо, рақобати аслӣ миёни ҳизби ҳокими Ҷумҳурият дар Арманистон ва шарики собиқи он Эътилофи Тсарукиён, ҳаракати ба раҳбарии Гагик Тарукиён соҳибкори сарватманди тарафдори Русия сурат мегирад.

Бар асоси тағйирот дар Қонуни асосии Арманистон дар соли 2015, салоҳиятҳои зиёди раиси ҷумҳур ба ихтиёри нахуствазир мегузарад ва раиси ҷумҳурро, ки як мақоми рамзӣ мешавад, порлумон интихоб мекунад.

Серж Саркиссиён
Серж Саркиссиён

Тағйирот дар Қонуни асосӣ соли 2018 ҳукми иҷро мегирад ва дар замоне, ки давраи раёсати ҷумҳурии Серж Саркисиён, раиси ҷумҳури Арманистон ба поён мерасад. Мунтақидон мегӯянд, Қонуни асосиро барои он тағйир додаанд, ки Серж Саркиссиён имкон ёбад, баъди хотимаи ду даври раёсати ҷумҳуриаш ҳам дар қудрат бимонад.

Серж Саркиссиён ин гуфтаҳоро рад кардааст, вале агар ҳизби ӯ дар интихобот пирӯз шавад ва ё ҳукумати эътилофӣ ташкил кунад, метавонад нахуствазири Арманистон интихоб шавад.

Ӯ ҳамчунин метавонад, ҳамчун раиси Ҳизби Ҷумҳурият, нуфузашро дар ҳукумат нигаҳ дорад ва ё ба воситаи вориси баргузидааш дар сиёсатҳои кишвар таъсир гузорад.

Дар байни 8 ҳизби дигаре, ки дар интихобот ширкат мекунанд, Эътилофи Тсарукиён рақиби асосии Ҳизби Ҷумҳурият аст. Ин ҳаракати сиёсӣ як замоне дар ҳукумати эътилофии Арманистон шарики ҳизби мазкур буд, вале баъдан аз он ҷудо шуд ва худро мухолифи ҳукумат эълон кард.

Раъйдиҳандагонро метарсонанд, талоши харидани раъй мекунанд ва бо истифода аз абзору манобеи давлатӣ ба баъзе аз аҳзоб кӯмак мекунанд.

Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки ҳеҷ яке аҳзоби сиёсӣ барои ташкили ҳукумат раъйи кофӣ ба даст намеорад ва маълум ҳам нест, ки Эътилофи Тсарукиён дар сурати ба даст наовардани раъйи аксарияти мардум бо ҷалби кадом ҳизб ҳукумати эътилофӣ ташкил мекунад.

Федератсияи инқилобии Арманистон, як ҳизби хурд, ки ҳоло дар ҳукумати эътилофӣ, шарики Ҳизби Ҷумҳурият аст, метавонад ба ин ҳизб дар ташкили ҳукумат кӯмак кунад. Эътилофи Тсарукиён майли шарикӣ бо ин ҳизбро нишон надодааст. Айни замон маълум нест, ки оё Федератсияи инқилобии Арманистон ин бор раъйи кофӣ барои вуруд ба порлумон ба даст меорад, ё не.

Барои соҳиб шудан ба курсӣ дар порлумон, ҳизбҳо бояд ҳадди аққал 5 дар сади раъйи мардумро ба даст биёранд ва он ҳизбе метавонад, дар ҳукумати эътилофӣ ворид шавад, ки 7 дар сади орои мардуми Арманистонро соҳиб шуда бошад.

Маъракаи тарғиботии гурӯҳи се вазири собиқи Арманистон
Маъракаи тарғиботии гурӯҳи се вазири собиқи Арманистон

Гурӯҳи сиёсатмадорони муҳофизакори ростгаро бо номи Эътилофи «Оганиён-Раффи-Осканиён», гурӯҳи таъсисдодаи се вазири арманӣ мумкин аст, садди 5 дар садиро убур кунад ва соҳиби курсӣ дар порлумон шавад.

Ин ҷиноҳи сиёсӣ дар музокирот бо Озарбойҷон дар бораи сарнавишти ояндаи Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ, як вилояти ҷудоиталаби арманинишини он кишвар дар муқоиса бо ҳукумати Серж Саркиссиён, мавқеи тундтареро интихоб кардааст.

Бар асоси назарсанҷиҳо, се ҳаракати сиёсии дигар имкони вуруд ба порлумонро доранд. Яке аз онҳо Эътилофи «Конгресс-НПА» ба раҳбарии Левон Тер-Петроссиён, раиси ҷумҳури собиқи Арманистон аст. Ҳизби Эҳёи Арманистон ба раҳбарии Артур Богдасариён, раиси собиқи порлумон шанси убури садди 5 дар садиро доштааст, чун худаш як телевизиони мустақил дорад ва тарғиботи густурдаи ҳизбашро аз тариқи ин телевизион ба роҳ мондааст.

Ҷиноҳи мухолифи марказгаро бо номи “Елк” ва ё Хуруҷ, ки дар муқоиса бо дигар рақибонаш, майли бештар ба Ғарб дорад, мумкин аст, 7 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва дар порлумон соҳиби курсӣ шавад. Бино ба назарсанҷиҳо, Ҳизби коммунистӣ ва Ҳизби демократҳои озод, ду ҳизби хурди Арманистон шанси вуруд ба порлумонро надоранд.

Дар остонаи интихобот, сафорати Амрико дар Ереван баёнияи муштаракеро бо Иттиҳодияи Аврупо, Олмон ва Бритониё аз иддаоҳо дар бораи қонуншиканиҳо дар раванди корзори интихоботӣ изҳори нигаронӣ шудааст. Корзор рӯзи 5-уми март шурӯъ шуд ва дар баёнияи муштарак аз рӯзи 29-уми март омадааст, ки дипломатҳо аз он иддаоҳо “огоҳ ва нигаронанд”, ки “раъйдиҳандагонро метарсонанд, талоши харидани раъй мекунанд ва бо истифода аз абзору манобеи давлатӣ ба баъзе аз аҳзоб кӯмак мекунанд.”

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳам дар гузориши миёндавраӣ дар бораи интихоботи Арманистон, “харидани густурдаи оро”, “фишор ва таҳдид ба раъйдиҳандагонро” зикр кардааст.

Ба гуфтаи нозирони созмон, телевизионҳои бузурги ғайридавлатии Арманистон, ки “аз тарафи соҳибкорону гурӯҳҳои сиёсӣ сармоягузорӣ шудаанд, чун телевизини давлатии кишвар, як бахше аз ҳукумат пиндошта шудаанд.”

Хабарнигорон ҳам ба нозирони созмон шикоят кардаанд, ки “ба кори онҳо дахолат мекунанд” ва ба онҳо мегӯянд, ки аз нашри гузоришҳои интиқодӣ дар бораи ҳукумат дар телевизион парҳез кунанд.

Раҳпаймоии тарафдорони "Конгресс-НПА"
Раҳпаймоии тарафдорони "Конгресс-НПА"

Дар корзори интихоботӣ, ҳамаи аҳзоб ба мушкилоти иқтисодии рӯзмарраи Арманистон таммаркуз карданд. Ҷиноҳи “Хуруҷ” ва Ҳизби демократҳои озод дар интихобот худро бештар моил ба Ғарб нишон додаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, айни замон мардум дар Арманистон асабонӣ ҳастанд, чун мушкилоти иқтисодӣ дар муқоиса бо мушкилоти соли 2015 бештар шудааст. Дар он сол мардуми зиёде ба нишони эътироз аз қасди ҳукумат барои боло бурдани қимати нерӯи барқ ба хиёбонҳо рехта эътироз карданд.

Музди ками кор, тавваруми зиёд, бекорӣ ва фасод сабаб шудааст, бисёриҳо сари он андеша кунанд, ки Арманистон бахше аз Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё ба раҳбарии Русия бимонад ва ё ба Иттиҳоди Аврупо наздиктар шавад.

Дигар масъалаи ҳассос дар корзори интихоботӣ муноқишаи шиддатгирифта Озарбойҷон ва Арманистон барои Қаробоғ буд ва ҳам фурӯши аслиҳаи русӣ ба Озарбойҷон дар он сол. Аммо аксари нерӯҳои сиёсӣ дар ҷараёни корзори интихоботӣ ин масъаларо возеҳ карданд, ки Арманистон бояд як шарики Русия бимонад.

XS
SM
MD
LG