Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мистура: То тавофуқи сулҳи Сурия роҳи дарозе дар пеш ҳаст


Стеффан де Мистура
Стеффан де Мистура

Стеффан де Мистура, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид барои Сурия, мегӯяд, даври панҷуми музокироти сулҳи миёни раҳбарони мухолифин ва ҳукумати Сурия пешрафти тадриҷӣ дорад. Аммо ӯ ҳушдор дод, ки барои расидан ба як тавофуқи сулҳ ҳанӯз роҳи дарозе дар пеш аст. Стеффан де Мистура рӯзи 31 март гуфт, баъд аз мулоқоти нӯҳрӯза дар шаҳри Женева ҳарду тараф зоҳиран ба давоми гуфтугӯҳо майл доранд. Аммо, ба қавли ӯ, барои даври баъдӣ замони мушаххасе таъин нашудааст. Намояндагони мухолифин ва давлати Сурия ҳар яке дар алоҳидагӣ бо намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия мулоқот доштанд. Де Мистура гуфт, ӯ ҳадди ақалл хурсанд аст, ки ҳеҷ яке аз ҷонибҳо аз даври гуфтугӯҳо хориҷ нашуданд. Дар ҷанги шашсолаи дохилӣ дар Сурия беш аз 300 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар бехонаву дар шуданд.

XS
SM
MD
LG