Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи НАТО аввалин бор бо ширкати Тиллерсон мегузарад


Тиллерсон баъди боздиди Туркия ба Брюссел парвоз кард
Тиллерсон баъди боздиди Туркия ба Брюссел парвоз кард

Вазирони хориҷаи НАТО рӯзи 31 март дар Брюссел барои баррасии масъалаи харҷҳои низомӣ ва мубориза бо терроризм ташкили ҷаласа мекунанд. Ин нахустин ҷаласаи раҳбарони сиёсати хориҷии кишварҳои узви НАТО аст, ки бо иштироки раҳбари департаменти давлатӣ Рекс Тиллерсон баргузор мешавад. Як мақоми ин ниҳод ба матбуот гуфт, ки Тиллерсон талош мекунад аъзои паймонро барои афзоиши хароҷоти низомиашон водор кунад.

Ин нишаст омодагӣ ба саммити НАТО аст, ки қарор аст рӯзи 25 май бо ширкати президент Доналд Трамп баргузор шавад. Трамп аз оғози маъракаи интихоботиаш талош кардааст аъзои паймонро ба афзоиши хароҷоти низомиашон водор ва бо ин роҳ, бори харҷҳои ИМА-ро кам кунад. Бисёр муттафиқони НАТО-ро изҳороти интихоботии Трамп дар бораи “кӯҳнашуда” будани паймони низомӣ ва наздикиаш бо Русия нигарон кард.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар изҳороташ шоми 30 март нигарониҳоро дар ин замина рад кард ва гуфт, ин ки бархе мегӯянд, ки гӯё Трамп назар ба президентони дигар дар баробари паймони НАТО ӯҳдадорӣ нишон намедиҳад, дуруст нест ва робитаҳои муттафиқони аврупоӣ ва ИМА-ро “бунёдӣ” хонд.

XS
SM
MD
LG