Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алмосбек Отамбоев бо президенти Радиои Озодӣ мулоқот кард


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 30 март бо президенти ширкати расонаҳои Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ Томас Кент мулоқот кард. Дар ин бора хадамоти иттилоотии президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Томас Кент гуфт, Қирғизистон дар минтақа аз дигар кишварҳо бо талошаш ба сӯи демократия ва эҳтироми озодии сухан фарқ мекард. "Мо инро мебинем ва аз ҳамин хотир манфиатдорем, ки ҳамкориҳоямон идома кунанд. Радиои Озодӣ таҷрибаи хубӣ кориро дар Қирғизистон дорад", - афзуд Томас Кент.

Алмосбек Отамбоев гуфт, барои мардуми Қирғизистон фаҳмиши озодии баён ва адолат ҳамеша эътибори зиёд дошт ва имрӯз кишвар марҳилаи начандон содаро дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократие, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром шавад, пушти сар мекунад.

"Дар Қирғизистон дастоварди озодии баён ва шаффофиятро, ки қисми асосии ҷомеаи демократист, қадр мекунанд. Аммо, мутаассифона, озодии баён масъулият ҳам дорад. Расонаҳо бояд содиқона ва бетарафона фаъолият кунанд, то ин ки озодии баён аз сӯи хабарсозиҳои дурӯғин бадном нашавад", - гуфт Отамбоев.

Додситонии кулли Қирғизиистон пештар барои ҳимоят аз шаъну шарафи Алмосбек Отамбоев бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва нашрияи интернетии "Заноза"-ро ба додгоҳ кашид.

XS
SM
MD
LG