Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи садҳо корманди ВКД-и Афғонистон дар як сол


Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки дар соли 2016 наздик ба 1400 парвандаи кормандони ин вазоратхона ба иттиҳоми фасод, фурӯши силоҳ ва мавориди дигар, ба ниҳодҳои тафтишотӣ ва додгоҳӣ ирсол шудааст.

Ҳилолиддин Ҳилол, муовини истихборот ва стратегияи ин вазорат рӯзи сешанбеи 28 март дар зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки аз соли 2016 то ба ҳол 1394 тан аз кормандони ин вазоратхона барканор ва мақомҳои 1492 тани дигар иваз карда шуданд.

Вай гуфтааст, ки 168 парванда ба иттиҳоми фасоди идорӣ, фурӯши силоҳ, фиребкорӣ ва сӯистифода аз мақом рабт дорад ва 1823 парвандаи дигар таҳти баррасии ин вазоратхона қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ин афрод дар зинаҳои гуногуни адои вазифа мекарданд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон аз ин қабл ваъда дода буд, ки дар ниҳодҳои амниятӣ ва дифоии кишвар ислоҳот ворид мекунад. Сармуфаттиши вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон қаблан гуфта буд, ки дар ниҳодҳои амниятии Афғонистон фасоди густурда вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ин идора, бархе фармондеҳон аз пули ғизои пулис ва сарбозон дуздӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG