Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз мизони ҳамкориҳо бо Эрон ситоиш кард


Дар мулоқоти президентони Русия ва Эрон дар Маскав, ки ба таъкиди Ҳасани Рӯҳонӣ аввалин сафари хориҷии ӯ баъди таҷлили соли нав ё Наврӯз аст, сӯҳбат аз ҳамкориҳои ду кишвар, тавсеаи тиҷорат ва ҳам робитаҳои дипломатӣ рафт. Владимир Путин Эронро як ҳамсояи боэътимод ва босубот номид ва гуфт, давоми беш аз 500 сол аст, ки ин ду кишвар ҳамкориҳои дипломатии ҳасана доранд. Ба гуфтаи Путин, ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили байналмилалӣ ва иқтисод ҳам босамар буда, мизони табодули молу коло дар соли 2016 то 70 дар сад афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои хабаргузориҳои русӣ, дар музокироти Рӯҳониву Путин масъалаҳои муборизаи зидди терроризм ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ мешавад.

Аз ин пеш гуфта шуд, ки мавзӯи ҷанги шашсолаи Сурия ва вазъи геополитикии ҷаҳон аз масоили мавриди баррасии ду раҳбар хоҳад буд. Эрону Русия режими президент Башор Асадро дар мубориза зидди гурӯҳҳои шӯришие, ки аз ҷониби ИМА ва Туркия пуштибонӣ мешаванд, дастгирӣ мекунанд. Як таҳлилгари эронӣ Муҳсини Милонӣ гуфт, ки ин сафар дар чашми Маскав муҳим будани сиёсати хориҷии Эронро таъкид мекунад, чун эрониҳо “дар сиёсати дарозмуддати стратегии Путин дар Ховари Миёна нақши калидӣ мебозанд”.

XS
SM
MD
LG