Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат барои овоздиҳии узвияти Черногория дар НАТО розӣ шуд


Подгоритса, баррасии ҳамкориҳои Черногория ва НАТО
Подгоритса, баррасии ҳамкориҳои Черногория ва НАТО

Сенати Амрико бо аксарияти оро ба тарафдории баргузории раъйгирии пазириши Черногория (Монтенегро) ба узвияти паймони низомии НАТО овоз дод. Дар овоздиҳие, ки рӯзи 27 март дар Сенат ҷараён гирифт, 97 нафар тарафдор ва 2 нафар мухолифи овоздиҳӣ дар ин мавзӯъ дар ҳафтаи оянда баромад карданд. Ду нафаре, ки мухолиф баромаданд, сенаторҳои ҷумҳурихоҳ Ренд Пол ва Майк Лӣ мебошанд.

Ҳамакнун ҳафтаи оянда маҷлиси болоии Конгресси Амрико – Сенат овоздиҳии ҳалкунандаро дар заминаи пазириши як кишвари хурди Балкан ба узвияти НАТО барпо мекунад. Дар сурати ризоияти ИМА, танҳо Испания мемонад, ки бояд мавқеашро дар ин замина муайян кунад. Баъди дарёфти мувофиқати ҳамаи 28 кишвари узви НАТО, Черногория метавонад аризаи пазириши расмии он ба паймони низомиро таслим кунад. То имрӯз Маскав аст, ки ба таври шадид мухолифи узвияти Черногория дар НАТО садо баланд кардааст.

XS
SM
MD
LG