Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари мухолифиони Беларус аз боздоштгоҳи КГБ озод шуд


27 март, манзили Статкевич

Раҳбари мухолифони Беларус Микалай Статкевич, ки се рӯз нопадид буд, ҳоло дар манзилаш дар Минск аст. Вай рӯзи 27 март ба хабарнигорон гуфт, ки се рӯзро дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии кишвар сипарӣ кард. Статкевичи собиқ номзади президентӣ бо иттиҳоми ширкат дар намоишҳои эътирозии соли 2010 панҷ солро дар зиндон сипарӣ кардааст. Ӯ дар соатҳои аввали эътирозҳо, ки ба муносибати “Рӯзи озодӣ” дар Беларус ташкил шуд, боздошт гардид. Ин эътирозҳо, ки аз қонуни ҳукумат оиди ба истилоҳ муҷозоти муфтхӯрҳо сар задааст, аз ҷониби полис ба таври хушунатомез саркӯб шуд.

Статкевич изҳори умедворӣ кард, ки садҳо фаъолони боздоштшуда озод мешаванд. Вай бо ишора ба вазъе, ки Украина баъди соли 2014 гирифтор шудааст, гуфт, ки “ҳукумати Беларус ба ҳифзи равобити наздик бо Ғарб моил аст”, вагарна Русия вазъи Беларусро ҳам хароб мекунад. Статкевич шароити имрӯзаи сиёсии Беларусро ҳамчун “сиёсати таҳмили тарс” ва бидуни зиндонӣ кардани нафаре қаламрдод кард, чунки, ба гуфтаи ӯ, Минск хостори равобити “оддӣ” бо Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА аст. Статкевич гуфт, ки аз ширкат дар эътирозҳои ҷамъиятӣ даст намекашад. Вай гуфт, ҳукумат бо як даст эътирозҳоро саркӯб кард, бо дасти дигар худаш аз роҳи муқаррароту сиёсатҳояш ба ин эътирозҳо сабаб мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG