Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев: Озодиро ба додгоҳи байналмилалӣ мекашам. ВИДЕО


Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев – раиси ҷумҳури Қирғизистон – мегӯяд, омода аст, бахши қирғизии Радиои Озодиро барои “бӯҳтон” ба додгоҳҳои байналмилалӣ кашад. Ӯ рӯзи 24 март дар шаҳри Бишкек гуфт, мехоҳад, ҳангоми сафараш ба Вашингтон дар моҳи сентябр зимни мулоқот бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи бахши қирғизии Радиои Озодӣ (Азаттик) шикоят кунад.

Додситонии Бишкек моҳи март гуфт, ки аз тарафи Алмосбек Отамбоев ба зидди Радиои Озодӣ ва zanoza.kg даъвои расмӣ гирифтааст. Ба гуфтаи додситон, дар даъво омадааст, ки ин расонаҳо “шаъну шараф ва обрӯи раиси ҷумҳурро паст задаанд”.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва вебсайти хабарии мустақили zanoza.kg баъди боздошти Омурбек Текебоев, раиси Ҳизби “Ота макон”, дар гузоришҳояшон бо такя ба гуфтаҳои мақомоти ин ҳизб дар ҳаққи ӯ бӯҳтон задаанд.

Ҳизби “Ота макон” рӯзи 1 март гуфт, додситонҳо Омурбек Текебоевро барои он дастгир кардаанд, ки монеи шаҳодат додани ӯ дар бораи ҳавопаймои боркаши туркие шаванд, ки моҳи январ дар Бишкек суқут кард. Талайгул Токтагунова, вакили дифои Ҳизби “Ота макон” рӯзи 1 март гуфт, ки Омурбек Текебоев дар даст санадҳои ниҳодҳои амниятии Туркияро дошт, ки нишон медоданд, бори ҳавопаймои суқуткарда ба раиси ҷумҳур Отамбоев ва ҳамсари ӯ тааллуқ дошт.

Навори видео дар инҷост:

Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар рӯзи 16 январ чаҳор халабон ва 35 сокини як маҳаллаи назди Бишкек ҳалок шуданд. Омурбек Текебоев, рақиби асосии Алмосбек Отамбоев, номзади Ҳизби “Ота макон” ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи ноябр пешниҳод шудааст. Текебоев аз сиёсатмадоронест, ки ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон дар моҳи апрелро танқид кардааст. Ислоҳотро раиси ҷумҳур Отамбоев пешниҳод карда буд ва бар асоси он салоҳиятҳои президентро баъди хотимаи ҳукуматдории Отамбоев дар охири сол ба нахуствазир медиҳад.

Дар Қирғизистон бар асоси Қонуни асосӣ касе ҳақ надорад, бештар аз як давраи 6-сола раиси ҷумҳур бошад ва мунтақидон мегӯянд, ҳамин ислоҳот дар Қонуни асосӣ ба Отамбоев имкон медиҳад, нахуствазир бишавад. Омурбек Текебоев, раиси собиқи порлумони Қирғизистон, моҳи феврал бо иттиҳоми ришвахорӣ ва таққалуб боздошт шуд ва айни замон дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аст. Тарафдоронаш мегӯянд, парвандаи ҷиноӣ ба зидди Текебоевро барои он боз кардаанд, ки монеи ширкати ӯ дар интихобот шаванд.

Омурбек Текебоев
Омурбек Текебоев

Дар гузориши Радиои Озодӣ дар бораи иддаоҳои Ҳизби “Ота макон”, посухи сухангӯи Отамбоев ҳам буд, ки он иддаои мухолифонро “дурӯғ” номид. Радиои Озодӣ ҳамчунин раддияи Вазорати умури хориҷии Қирғизистонро ба баёнияи мухолифин чоп кард ва ҳам гуфтаи Бишкекро, ки сафири Туркия “шаҳодатҳо”-ро сохта номидааст. Ненад Пейҷ, муовини раис ва сардабири Радиои Озодӣ, рӯзи 24 март дар посух ба баёнияи Алмосбек Отамбоев гуфт, “гузоришҳои Радиои Озодӣ ҳамеша ботавозун ва ҳирфаӣ ҳастанд. Мо омодаем ҳар замон бо раиси ҷумҳур мулоқот ва нигарониҳои ӯро баррасӣ кунем.”

Алмосбек Отамбоев рӯзи 24 март зимни сӯҳбате дар Бишкек дар бораи бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва zanoza.kg гуфт, “онҳо хабарнигор нестанд, онҳо тӯҳматгаранд”.

“Дар робита ба Радиои Озодӣ ман ҳозирам, то ба додгоҳҳои байналмилалӣ биравам. Ин барои радио дарси хуб мешавад. Ман сиҳатиямро беҳтар кардаам ва агар Худо хоста бошад, моҳи сентябри имсол ба Амрико меравам ва бо Доналд Трамп гуфтӯгӯ мекунам. Ба ин бояд хотима бахшид”, - таъкид кард ӯ.

Ненад Пейҷ
Ненад Пейҷ

Додситонии Бишкек моҳи март гуфт, ки аз тарафи Алмосбек Отамбоев ба зидди Радиои Озодӣ ва zanoza.kg даъвои расмӣ гирифтааст. Ба гуфтаи додситон, дар даъво омадааст, ки ин расонаҳо “шаъну шараф ва обрӯи раиси ҷумҳурро паст задаанд”. Дар ин даъво аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ 144 ҳазор доллар ва аз zanoza.kg 43 000 доллар ҷуброни зарари маънавӣ талаб шудааст.

Алмосбек Отамбоев рӯзи 24 март гуфт, “агар дили Шумо ба ин ду хабаргузорӣ бисӯзад, бидонед, ки буҷаи Радиои Озодӣ садҳо миллион доллар аст.”

Дар асл бахши қирғизӣ яке аз 26 бахши Радиои Озодист, ки дар соли 2016 хароҷоташ фақат бо 108.4 миллион доллар буд. Вай афзуд, “беҳтар аст, ҷуброне, ки аз ин даъвоҳо ба даст меорам, ба рӯзноманигорони худӣ ё кӯдакони мубталои саратон бидиҳам.”

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG