Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори бераҳмонаи як мунаққиди Маскав дар маркази Киев. ВИДЕО, АКС


Вакили пешини порлумони Русия, ки дар Украина паноҳ ёфта буд ва ошкоро раҳбарияти Кремлинро танқид мекард, рӯзи 23 март дар маркази Киев кушта шуд. Петр Порошенко, президенти Украина, ин ҳодисаро "терроризми давлатии Русия" унвон кард. Як сухангӯи пулиси Украина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, узви собиқи Думаи давлатӣ Денис Вороненков аз ҷониби марди мусаллаҳе кушта шуд.

Ин ҳодиса дар лаҳзае рух дод, ки Вороненков ва муҳофизи ӯ ба меҳмонхонаи панҷситорадори "Premier Palace" наздик мешуданд. Артем Шевченко, сухангӯи Вазорати умури дохилии Украина гуфт, ҳамлагар ба сӯи Вороненков бо "як туфанги кӯҳнаи Шӯравӣ" 8 тир холӣ кард.

Моҳи феврал дар як мусоҳибааш бо радиои Озодӣ Вороненков шароити имрӯзаи сиёсии Русияро бо даврони Олмони нозӣ муқоиса кард ва ишғоли Қримро “ғайриқонунӣ” номида гуфт, ки ӯро мақомоти рус “шикор” мекунанд.

Ин ҳодисаро видео-камераҳои амниятӣ ҳам сабт кардаанд. Ҳамлагар ҳам аз ҷониби танҳо муҳофизи Вороненков шадидан маҷрӯҳ шуд ва баъдан дар дохили бемористон даргузашт. Дар ин бора мақомоти беморхона хабар доданд. Ҳанӯз шахсияти ҳамлагар мушаххас нест. Худи муҳофиз ҳам маҷрӯҳ шудааст. Сухангӯи вазорати дохила гуфт, ки моҳҳои охир Украина Вороненковро бо як муҳофизи шахсӣ ҳам таъмин карда буд, чунки ӯ гуфта буд, ки аз ҳаёташ хавф дорад. Полиси Киев таҳқиқи ҳодисаро аз рӯи моддаи “сӯиқасд” ба роҳ мондааст.

Баъди фирораш аз Русия, Вороненков ба як мунаққиди ашаддии сиёсати Кремлин дар Украина табдил шуд ва ӯ дар гуфтугӯҳояш ишғоли Қрим ва низоъҳои мусаллаҳона дар Украинаро интиқод мекард. Вале намояндаи собиқи ҳизби коммунист дар Дума дар миёни миллатгароҳои украинӣ тарафдор надошт, чунки баъзе аз онҳо шубҳа мекарданд, ки тасмими ҳукумат барои тақдими шаҳрвандиву шиносномаи Украина дар фурсати кӯтоҳ ба як шахсе, ки дар садоқаташ ба Киев шубҳа кардан мумкин аст, дуруст буд.

Вакили собиқи Думаи Давлатиро дар Украина куштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

Моҳи феврал дар як мусоҳибааш бо радиои Озодӣ Вороненков шароити имрӯзаи сиёсии Русияро бо даврони Олмони нозӣ муқоиса кард ва ишғоли Қримро “ғайриқонунӣ” номида гуфт, ки ӯро мақомоти рус ӯро “шикор” мекунанд.

Порошенко: Вороненков шоҳиди таҷовузи Русия алайҳи Украина буд

Президенти Украина Петро Порошенко бо пахши изҳороте гуфт, ки Вороненков бо далелҳои сиёсӣ маҷбур шуд Русияро тарк кунад. Бо ишора ба ҳодисаҳои соли 2014-и аз қудрат рафтани президенти рӯ ба Маскав Виктор Янукович, Порошенко гуфт, ки Вороненков яке аз шоҳидони аслии “таҷовузи Русия алайҳи Украина, ва бахусус, нақши ӯ дар истиқрори нирӯҳо дар Украина” буд.

Вале дар изҳороти Порошенко ҳеҷ шаҳодати эҳтимоли даст доштани Русия дар ин ҳодиса оварда нашуд.

Додситони кулли Украина Юрий Лутсенко сӯиқасдро “як муҷозоти хеле хоси шоҳидон аз ҷониби Кремлин” номид, вале ӯ ҳам шаҳодати дурустии ҳарфҳои худро наовард.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки “тамоми ин иттиҳомот дар бораи даст доштани Русия дар ин қазия ҳарфи холӣ аст”. Песков дар сӯҳбат бо ТАСС гуфтааст, ки умедвор аст ин куштор боз ва қотил пайдо мешавад.

Сухангӯи вазорати дохилаи Украина гуфт, ки ин куштор бидуни шубҳа барои Русия лозим буд, вале таъкид кард, ки дар ин замина бо тафтишот хулосаҳои худро бигӯяд.

Вороненков муовини раиси коммунистҳо дар Думаи давлатӣ буд ва аз соли 2011 то сентябри соли 2016 дар парлумон кор кард.

Вороненков
Вороненков

Хавф аз ҷони худ баъди фирор ба Украина

Вороненков ва ҳамсараш Мария Максакова, овозхони маъруфи опера ва як узви собиқи Дума дар сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ дар моҳи феврал гуфта буданд, ки Маскавро баъди он тарк мекунанд, ки ӯро дар азхудкунии моликият дар Маскав айбдор карданд. Дар ин мусоҳибааш Вороненков вазъи имрӯзаи Русияро бо Олмони даврони нозӣ муқоиса кард ва гуфт, ки Хадамоти федеролии амният тамоми кишварро назорат мекунад.

Ҳамсари Вороненков баъди дидани ҷасади ҳамсараш дар Киев
Ҳамсари Вороненков баъди дидани ҷасади ҳамсараш дар Киев

Ӯ инчунин сиёсати Кремлин дар робита бо Украинаро шадидан интиқод карда гуфта буд, ки ишғоли Қрим “як иштибоҳ” ва “ғайриқонунӣ” буд. Моҳи феврал ӯ гуфт, ки ба ҳангоми раъйдиҳӣ дар Дума ӯ дар маҷлис набуд ва нафари дигар ба ҷои ӯ овоз дод.

Дар замони дар Украина буданаш Вороненков гуфта буд, ки зидди президент Янукович баёнот додааст. Вай президенти собиқи Украинаро дар фасод ва амри куштори беш аз 100 нафар дар ҷараёни эътирозҳои зидди ҳукуматӣ дар феврали соли 2014 гунаҳгор медонист.
Вороненков ва Максакова дар сӯҳбаташон бо радиои Озодӣ моҳе пеш гуфтанд, ки дар шаҳри Киев як манзилро иҷора гирифтаанд, вале аз ҳаёт ва амнияти худ хатар доранд.

Кушторе, ки дар рӯзи равшан ва дар маркази Киев рух дод

Ба иттилои полис, куштор дар соати 11:30 дақиқаи рӯзи 23 март, дар гузаргоҳи миёни хиёбонҳои марказии Тарас Шевченко ва Пушкинская рух дод. Иля Пономарев, як узви дигари маҷлиси Русия, ки зидди ғасби Қрим овоз додааст, баъдан дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки Вороненков барои мулоқот бо ӯ мерафт. Вале ҳанӯз шаҳодати ин ҳарфҳо пайдо нашудааст.

Ин куштор метавонад паёмадҳои дарозмуддате барои ҳукумати Украина дошта бошад, ки се соли охир дар шарқи кишвар бо ҷангиёни мусаллаҳи рӯ ба Маскав даргир аст ва то ҳол ин ҷангҳо ҷони 9900 нафарро гирифтааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG