Пайвандҳои дастрасӣ

Саидҷамол Мубориз - "Ситораи афғон"-и ТВ "Тулӯъ" шуд


Саидҷамол Мубориз ва Зулола Ҳошимӣ

Як овозхони репсаро Саидҷамол Мубориз аз шимоли Афғонистон дар сабқати мусиқии «Ситораи афғон», ки рӯзи 21 март натиҷагирӣ шуд, ғолиб омад. Ин озмунро шабеҳи як чунин сабқати пуртарафдори телевизиони амрикоӣ ҳам меноманд, ки беҳтарин дӯстдорони созу оҳангро дар миёни мардуми оддӣ интихоб мекунад. Телевизиони «Тулӯъ», ки давоми 12 соли охир озмуни «Ситораи афғон»-ро баргузор мекунад, дар кишвари ҷангзадаву хаста аз хабарҳои қатлу таркиш, бо ин барномаҳои мусиқиаш ба мардуми маҳаллӣ як ҳавои тоза мебахшад. Саидҷамол Мубориз 23 сол дошта аз намояндаҳои қавми ҳазораи Афғонистон аст.

Дар матни шеърҳои ӯ сарнавишти сахти ҷавонҳои кишвари ҷангзада таҷассум меёбад. Вақти эълони пирӯзии Мубориз ӯ ба барандаи ҷои дуюми мусобиқа Зулола Ҳошимӣ, ки аз вилояти муҳофизакори Кунар намояндагӣ мекард, гуфт, бисёр мехост, ки ҷои аввалро як овозхони зан бигирад, чунки имконияти занҳо дар Афғонистон хеле маҳдуд аст. Мубориз гуфт, ки бо жанри реп дар Эрон шинос шудааст. Ӯ танҳо таъминкунандаи зиндагии оилааш дар Мазори Шариф аст. Дар озмуни имсолаи «Ситораи афғон» 10 ҳазор нафар иштирок карданд.

Соли гузашта Толибон ба нишони мухолифат бо барномаҳои телевизионии шоди ҳунарӣ ва мусиқӣ 7 корманди телевизиони «Тулӯъ»-ро куштанд. Ин гурӯҳи шӯришӣ мухолиф бо ҳама гуна фаъолиятҳо фарҳангиву мусиқӣ мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG