Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Семена: Ман бегуноҳам


20 март, дар назди додгоҳи Симферопол
20 март, дар назди додгоҳи Симферопол

Хабарнигоре аз Қрим Микола Семена, ки аз рӯи моддаи марбут ба “ҷудоихоҳӣ” ба додгоҳ рафтааст, дар лаҳзаҳои пеш аз шурӯи муҳокима рӯзи 20 март ба журналистон гуфт, ки худро бегуноҳ мешуморад. Семена, як ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои нашри мақолае муҳокима мешавад, ки ғасби нимҷазираи Қрим аз ҷониби Маскавро дар соли 2014 интиқод карда буд. Ӯ дар мақолааш ҳамчунин аз кори фаъолони украинӣ дар амри масдуд кардани қаламравашон ситоиш карда буд. Мурофиаи додгоҳӣ дар шаҳри Симферопол шурӯъ шуд.

Аз ин пеш ҷомеаи байналмилалӣ борҳо аз Маскав тақозо кардааст, ки хабарнигори 66-соларо, ки барояш то 5 соли зиндон таҳдид мекунад, озод кунад. Мақолаи Семена соли 2015 дар вебсайти “Крым.Реалии”, ки марбут ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аст, нашр шудааст. “Ман худро гунаҳгор намеҳисобам”, гуфт Семена дар баробари хабарнигороне, ки пушти дари додгоҳ дар лаҳзаҳои пеш аз шурӯи мурофиа ҷамъ шуда буданд. “Мақолаи ман ҳеҷ даъвате барои тахриби тамомияти арзии Русия надорад”, гуфт ӯ ва илова кард, ки мақоми Қрим “баҳсбарангез аст”. Матлаби Микола Семена бахше аз баррасҳо ва матолиби таҳлилии весбайти радиои Озодӣ дар бораи вазъи Қрим баъди ишғол шудани он аз ҷониби Маскав будааст.

Баъди эълони иттиҳом ба Семена ӯ аз ҳақи тарки Қрим маҳрум шуда барояш гуфта шуд, ки барои берун рафтан аз Симферопол бояд иҷозат дарёфт кунад. Ҳафтаи гузашта Парлумони Аврупо бо пахши қатъномае аз Маскав хост, ки беш аз 30 шаҳрванди Украина, аз ҷумла Микола Семенаро аз боздошт ва зиндонҳо озод кунанд. Аврупо гуфт, Семена барои иҷрои масъулиятҳои журналистиаш мавриди пайгард қарор гирифтааст.

Ғасби Қрим – нимҷазираи марбут ба Украинаро дар соли 2014 Ғарбу Аврупо шадидан маҳкум карда нисбати Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG