Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли духтари покистонӣ пас аз се рӯзи арӯсӣ


Лоҳур яке аз шаҳрҳои қадимӣ ва бузурги Покистон аст.
Лоҳур яке аз шаҳрҳои қадимӣ ва бузурги Покистон аст.

Маъмурони пулиси Покистон як ҷавонеро боздошт кардаанд, ки се рӯз баъд аз издивоҷ ҳамсарашро куштааст. Зулфиқор Бут, як маъмури баландпояи пулиси шаҳри Лоҳур рӯзи 19-уми март гуфт, Умар Танвир эътироф кардааст, ки ҳамсараш Ҳироро бо болиш нафасгир карда куштааст.

Ба гуфтаи Зулфиқор Бут, Умар Танвир бо хостаи волидонаш Ҳиро духтари як хеши падарашро ба занӣ гирифтааст, аммо худаш ба як зани муқими Дубай майл доштааст. Тани беҷони Ҳироро рӯзи 16-уми март се рӯз баъд аз издивоҷаш пайдо кардаанд.

Матбуоти Покистон менависад, падараш бо дидани осори фишор дар рӯй ва гардани Ҳиро ба пулис шикоят кардааст. Ба гуфтаи пулис, Умар Танвир зимни бозпурсӣ ба ҷинояташ иқрор шудааст.

XS
SM
MD
LG