Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, барои ҳалли низоъ дар Украина ба як роҳи ҳалли мусолиматомез ниёз доранд. Оқои Трамп ин ҳарфҳоро рӯзи 17 март дар нишасти хабарии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, дар Кохи Сафед баён дошт.
Вай аз Меркел ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, ба хотири миёнравӣ дар заминаи дастёбӣ ба тавофуқи сулҳи соли 2015 дар Украина сипосгузорӣ намуд. Ҳадафи ин тавофуқ поёни низоъ дар Украина хонда шуда, аммо ҳанӯз ҳам ҷанг миёни ду тараф дар шарқи ин кишвар идома дорад. То кунун дар ҷанги миёни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия тақрибан даҳ ҳазор нафар кушта шудаанд.
Доналд Трамп гуфт, ки хоҳони беҳбуди равобит бо Маскав аст. Аммо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар нишасти хабарӣ дар Вашингтон гуфт, пеш аз беҳбуди равобит бо Русия бояд бӯҳрони Украина ҳал шавад.
Дар солҳои гузашта Ангела Меркел яке аз ҳамкорони наздики байналмилалии Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико буд. Доналд Трамп пеш аз шурӯи кораш дар Кохи Сафед иқдоми Меркелро дар мавриди қабули муҳоҷирон “хатои фоҷиабор” дониста ва гуфта буд, ки Меркел Олмонро “нобуд мекунад”. Ин аввалин мулоқоти ду раҳбар баъди ба қудрат расидани Трамп дар Амрикост.